Close

САРҲАДИ ТОҶИК – ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ…

 Агар донам, ки фардо забони ман мемирад, розиям, ки ман имрўз бимирам. Бузургон… Расул Ғамзатов… ба хаёли кас намеояд, ки ин ҷумлаи на он қадар мураккаб то чӣ андоза мафҳуми мураккаб дорад, ки касро ба як ҷаҳони андеша водор месозад. Пас, маълум мешавад, ки забон аз қаъри асрҳо бо мақому манзалати том то ба замони мо расидааст. “Вазифаи ҳар як фарди бо нангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ буда, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад”. Ин таъкиди пур аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як соҳибмафкураро водор ба он месозад, ки ба муқаддасоти миллӣ арҷгузор бошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи он муқаддасотест, ки соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, мустақил ва симои ҷаҳонӣ доштани Ватани азизи моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бузургдошти ин рукни муҳими давлатдорӣ бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамасола 5 октябр дар саросари кишварамон “Рӯзи забони давлатӣ” ҷашн гирифта мешавад. Боиси сарфарозӣ ва ифтихормандист, ки давлати мо соҳиби забони давлатии худ аст ва ҳар як фарди тоҷик метавонад аз минбарҳои баланд бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намояд. Донистани қадри ин неъмати бебаҳо аз фарзанди содиқ будани Ватан далолат мекунад.

“Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба кулли дӯстдорони забон, забондорон, забондонон ва ҳар нафари соҳиби забони тоҷикӣ муборак ва фархунда бошад!!!

Бо камоли эҳтиром,  КВД “МСКХСН”

National_Library_of_Tajikistan_Dushanbe_7-300x225 САРҲАДИ ТОҶИК – ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ...

scroll to top