Ҳамватанони азиз,
аз самими қалб ҳамаи Шумо, аҳлу пайвандон, ёру дустон ва наздиконатонро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 самимона шодбош гуфта, бахту пирӯзиҳо, зиндагонии босаодат ва толеи баланд орзумандам.
Дар остонаи соли нав ҳар кадоми мо дастовардҳо, бурду бохтҳои соли гузаштаро пеши назар оварда, дар соли нав нақшаҳои навро тарҳрезӣ менамоем.
Воқеан, соли 2025 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйдодҳои бузургу пешравиҳои назаррас ҳамчун соли натиҷабахшу хотирмон боқӣ монд.
Умедворам, ки мову Шумо дар соли нави 2026 ҷиҳати иҷрои ҳадафу вазифаҳои худ барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин бештар саъю талош менамоем.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо бо соли нави мелодии 2026 табрик намуда, орзу дорам, ки соли нав барои ҳар кадоми Шумо соли бобарору бахосият, тинҷиву амонӣ, файзу баракат ва дастовардҳои наву тоза гардад.
Бори дигар соли наватон муборак !
Бо эҳтиром,
Директор
КВД “КВД МСКХСН” Саидзода С.С.




