Close

ТАЪРИХРО ДУБОРА МЕОМӮЗЕМ…

“Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!” Ин таъкиди ба назар сода, аммо саросар фарогири ҷиддият, ҳушдор ва даъват ба сӯйи хештаншиносиву худогоҳӣ ҳар фарди комили тоҷикро водор месозад, ки аз гузаштаи ниёгони худ, расму русум, дину ойин ва анъанаҳои неки он огоҳ бошад. Аз ин ҷост, ки бузургон ҷумлаи “Таърихро фаромӯш накун! Вай муаллими оянда аст.” – ро борҳо таъкид менамоянд.

Дар ҳошияи ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ба ҳар як оилаи кишвар ба шарафи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфа гардидани китоби “Тоҷикон” – и аллома – Бобоҷон Ғафуров яке аз нишонаҳои эътирофи баланди таърихи миллати худ мебошад.

Бо ташаббуси Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” барои баланд бардоштани савияи мафкураи таърихдонии кормандон китобхонии дастаҷамъонаро ташкил намуда, тамоми кормандон ба хонадани китоби “Тоҷикон” ҷалб гардидаад. Баъди аз ҷониби як нафар оммафаҳм ва ба тафсил хондани якчанд саҳифаи китоб миёни ҳозирин шарҳ додан, баҳсҳои гунонгун ва саволу ҷавоб сурат мегирад. Ин раванд то ба охир расидани китоби мазкур идома хоҳад.

IMG_2310-300x200 ТАЪРИХРО ДУБОРА МЕОМӮЗЕМ... IMG_2316-300x200 ТАЪРИХРО ДУБОРА МЕОМӮЗЕМ... IMG_2313-300x200 ТАЪРИХРО ДУБОРА МЕОМӮЗЕМ... IMG_2309-300x200 ТАЪРИХРО ДУБОРА МЕОМӮЗЕМ... IMG_2251-300x200 ТАЪРИХРО ДУБОРА МЕОМӮЗЕМ...

scroll to top