«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо як қалби саршор аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод, бо ифтихор аз Истиқлоли Ватан, бо як эҳтироми хоса таҷлили 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон фархунда ва шодбош мегӯяд. Истиқлолият барои мо мардуми тоҷик бузургтарин неъмат, рамзи олии Ватану ватандорӣ, баландтарин авҷи бахту саодат аст. 31 сол пур мешавад, ки сарнавишти Тоҷикистони азиз бо сулҳу ваҳдат омезиш ёфта, якдигарфаҳмӣ, созандагиву ободкорӣ, рушди бомароми иқтисодиёт аз сарварию Пешвои пешбаранда будани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Ҷашни муқаддаси миллат, ки қобили таҷлили бошукуҳ аст, барои мардуми шарифи тоҷик муборак бошад!





