Close

ТУ АЗИЗ ВА МУҚАДДАСӢ, ЭЙ ЗАН…

Зан, баҳор, гул калимаҳое ҳастанд, ки бо шуниданашон зебоиро пеши назар меорем, аммо он якуми назар ба дуи дигар воҷибтар аст. Зан – модар ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш, зан марҳами роз, оромиши дил ва сарчашмаи ишқу муҳаббат аст. Зан фариштаест, ки дар кӯдакӣ парастори мо, дар ҷавонӣ комбахши мо ва дар пирӣ дилҷӯи мост.

Бузурге фармудааст: “Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ  дошта бошанд. ” Пас суоле матраҳ мешавад, ки кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳангиро уҳда карда метавонанд? Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд. Занони тоҷик метавонанд, тавассути фаъолияти самаранок ба ҳизбҳои сиёсии ҷомеа густариш бубахшанд. Имрӯзҳо ягон соҳаро бе иштироки фаъолонаи занон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо зан, модар – бонуи тоҷик дар баробари мардон баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузоранд. Бузургтарин рисолати зан – модари тоҷик аз азал тарбия ёфтани фарзандони ҳунарманди созанда аст. Зан офаранда аст, ки ба таърих шахсиятҳои бузургро ато кардааст.

“Иди модарон” иде, ки воқеан ҳам қобили таҷлил аст, бар кулли модарону бонувони тоҷик мубораку фархунда бошад.

КВД “МСКХСН”

IMG_2430-300x200 ТУ АЗИЗ ВА МУҚАДДАСӢ, ЭЙ ЗАН... IMG_2428-300x200 ТУ АЗИЗ ВА МУҚАДДАСӢ, ЭЙ ЗАН... IMG_2522-300x200 ТУ АЗИЗ ВА МУҚАДДАСӢ, ЭЙ ЗАН...

scroll to top