Модарону бонувони азиз!
Шуморо ба муносибати фарорасии «Рӯзи Модар» – иди модарон ва занон табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои беназир орзумандам.
Маврид ба зикр аст, ки Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. З-ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст…
Ба ин хотир, орзумандем, ки ҳамеша мисли гулҳои баҳори оламафрӯз зебову сарсабзу хуррам бошед!
Бо эҳтиром,
КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”
Директор Саидзода С.С.




