Имрӯз дар сартосари Тоҷикистон азиз ва дар тамоми ақсои олам арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз аст. Наврӯз таҷассумгари некиву накукорӣ, бахшоишу мехрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ки имрӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар баҳори Истиқлолияти милливу давлатиамон бешак, омили сулҳу субот, ваҳдату якдилии миллати хирадпешаву тамаддунофари тоҷик бо мардумони кулли сайёра ҳамчун ҷашни байналмилалӣ гардида, азму иродаи мардуми шарифи Точикистонро дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос менамояд.
«Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши руҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст.» Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносиро дар вуҷуди ҳар як фарди баори кишвар даҳчанд месозад.
Дар ин айёми зебои табиат, дар ин мавсими шукуфоӣ ва дар арафаи таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯз ба ҳар яки Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми кормандонатонро бо яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик – Наврӯз, ки он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, сидқан ва самимона муборакбод гуфта, ба Шумо дар адои вазифаҳои хизматиатон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба чорабиниҳои ободкориву шукуфоии мамлакат равона гардидааст, қудрати ободгароӣ, ташаббуси ҳамаҷониба барои пешрафт ва иродаи матинро таманно менамояд.
Бори дигар омадани Наврӯз ба хонадони ҳар фарди тоҷик фархунда бошад.
КВД “МСКХСН”





