Санаи 25 январи соли ҷорӣ бо намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади ҷамъбаст намудани натиҷаҳои хуби соҳа дар соли 2021 ва аъзоёни ҳизбии Ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик” дар толори маҷлисии Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷаласаи корӣ ва суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
Ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик” фаъолияти кории худро дар давоми соли 2021 бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷумани 14-уми ҲХДТ, Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда, давоми сол чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ, тақвияти нуфузи ҳизб дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” вусъат бахшидани ғояву арзишҳои миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои назаррасе анҷом додааст, дар таблиғу ташвиқи Барнома ва ҳадафҳои созандаи ҳизб мусоидат намуданд.
Дар ҷамъбасти соли 2021 шумораи аъзоёни ҲХДТ дар Ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик” 80-нафарро ташкил дода, аз ин шумора 3 нафар занон ва 21 нафар ҷавонон мебошанд.
Дар давоми соли 2021 ба сафи ҳизб аз ҳисоби кормадони муасиса 10 нафар қабул карда шудааст.





