Ҳамкорони гиромӣ ва ҳамкасбон,
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди саиди Қурбон, ки яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва суннати писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик намуда, бароятон тандурустӣ, сарбаландӣ, саодати рӯзгор, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо, шодмониву хурсандӣ хоҳонам.
Дар айёми иди саиди Қурбон ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад. Дар арафаи ид анҷом додани хайру саховат ва меҳрубониву садоқат суннати неке мебошад, ки мардуми мо ба он эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Бо умеди ҳамеша пойдору устувор будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба Шумо самимона табрик гуфта, имону эътиқоди комил, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу менамоям.
Иди саиди Қурбон муборак!
Бо орзуҳои нек,
Директор Саидзода С. С.




