Close

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МСКХСН” САИДЗОДА С.С. БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Ҳамватанони азиз!

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ба тақвими расмии ҷаҳонӣ ворид гардидааст, ҳамаи дӯстдорони ин варзиши пуртарафдорро табрик мегӯям.

Қатъномае, ки санаи 7 майи соли 2024 бо пешниҳоди кишвари мо аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабул гардид, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ на танҳо саҳми назаррас мегузорад, балки арзишҳои умумибашариро низ тавассути варзиш таблиғ мекунад — аз ҷумла сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро.

Футбол имрӯз барои миллионҳо нафар на танҳо як бозӣ, балки сабки ҳаёт, ангезаи солимгардонӣ ва рушди шахсӣ гардидааст. Дар Тоҷикистон низ футбол солҳои охир бо маром рушд мекунад: таваҷҷуҳи ҷавонон зиёд шуда, майдонҳои нав бунёд мегарданд ва шароит барои пешрафти ин соҳа тадриҷан беҳтар мешавад.

Танҳо дар чанд соли охир ҳазорон майдончаҳои футбол дар саросари кишвар сохта шуданд. Танҳо дар як соли охир беш аз 100 майдончаи нав мавриди истифода қарор гирифт. Ин ҳама натиҷаи сиёсати мақсадноки давлат ва талоши бевақфаи мутахассисони соҳа мебошад.

Ҳамзамон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар бахши рушди футбол, таълими варзишии мактаббачаҳо ва баргузории мусобиқаҳо дар сатҳҳои гуногун барои дастрасии бештари аҳолӣ ба ин намуди варзиш заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Хусусан, дастовардҳои тими миллии футбол дар Ҷоми Осиё ва муваффақияти дастаи миллии футзал, ки ба марҳилаҳои ниҳоӣ роҳ ёфтанд, далели равшани пешрафт ва қобилияти варзишгарони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Ба ҳамаи мураббиён, футболбозон ва ҷонибдорони футбол дар Тоҷикистон самимона табрик мегӯям! Бигзор футбол ҳамчун рамзи ваҳдат ва шоҳроҳи ифтихори миллии мо ҳамеша рушд кунад ва дар ҷаҳон Тоҷикистони моро бо чеҳраи дурахшони варзишӣ муаррифӣ намояд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак!

scroll to top