Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” санаи 29.12.2021. фаъолияти яксолаи худро дар муқоиса бо соли гузашта ҷамъбаст намуд. Дар кори ҷаласа муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Давлатзода З.Ҳ., директори корхона, муовинон, сардорони шуъбаву мудирони бахшҳо, роҳбарон ва муовинони филиалҳо иштирок намуданд. Дар натиҷагирӣ муайян карда шуд, ки дар соли 2021 КВД “МСКХСН” фаъолияти босамар нишон дода, иҷроиши тамоми нақшаҳо дар ҳама самт 131,6 дарсадро нисбат ба соли гузашта ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар соли 2021 тибқи фармоишҳои Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон №132, аз 29.07.2021, “Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба тартиби ташкил ва фаъолияти нуқтаҳои баркашӣ дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва №164, аз 24.09.2021. “Дар бораи Низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардида, раванди фаъолият ва хизматрасонӣ боз ҳам беҳтару хубтар гардид.
Бо дар назардошти марҳила ба марҳила ба тартиб даровардани намуди зоҳири нуқтаҳои баркашӣ санаи 11 сентябри соли 2021 дар километри 15+800-и роҳи автомобилгарди РБ 07, Ваҳдат-Рашт-Лахш дар ноҳияи Файзобод бо тамоми шароити муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон, дар нуқтаҳои баркашии РҶ 043, 44км – и ноҳияи Ёвон, РҶ 043 12км – и ноҳияи Рӯдакӣ – Султонобод, РБ 04 33+600 – и шаҳри Ваҳдат ва РБ 04 56км шаҳри Норак корҳои сохтмони ва азнавсозӣ анҷом дода шуд, ки шароити кунунӣ барои истифодабарандагони роҳу нақлиёт бехатар буда, барои хизматрасонии хуб мусоидат мекунад.
Дар интиҳо фаъолияти дар давоми соли 2021 – доштаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” аз ҷониби сарпарасти соҳа, муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Давлатзода З.Ҳ., баҳои баланд гирифта, таъкид гардид, ки дар оянда низ чунин дастовардҳои назаррасро дар интизор хоҳанд буд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” тасмим дорад, ки дар соли 2022 дар доираи имкониятҳо тамоми шароитро барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ муҳайё намуда, масъулияти худро дучанд намояд.





