Шуруъ аз 27 январи соли 2025 дар Русия ва Беларус низоми муҳру муми (пломбаҳои) навигатсионӣ ҳангоми ҳамлу нақли категорияҳои муайяни борҳо ҷорӣ карда шуд. Чунин бармеояд аз хабари Вазорати нақлиёти Русия.
Низоми нав дар асоси қарори Шӯрои Олии давлатии Давлати иттифоқии Русия ва Беларус «Дар бораи тадбирҳои алоҳида оид ба муқовимат ба воридоти ғайриқонунии молҳо ба қаламрави Давлати иттифоқӣ», ки 6 декабри соли 2024 имзо шудааст, ҷорӣ карда шуд.
Низоми мазкур барои кам кардани хатари қочоқ ва таҷдиди назорати ҳаракати молҳои хатарнок ва сермолиёт роҳандозӣ гардида, ба мубориза бо воридот ва гардиши ғайриқонунии чунин дастабандии молҳо, амсоли спирт, тамоку, инчунин молҳои саноати сабук ва истеъмоли халқ равона шудааст.
Акнун, қабл аз ҳамлу нақл, интиқолдиҳанда бояд дар шабакаи иттилоотии оператори миллӣ сабти ном шавад ва ҳаққи хизматрасониҳоро тавассути ҳисоби шахсӣ бо зикри маълумот дар бораи моли интиқолшаванда пардохт кунад. Ҳангоми ворид шудан ба гузаргоҳи гуирукӣ ӯ бояд пломбаи навигатсиониро фаъол созад, ки дар тамоми масир то нуқтаи таъинот истифода мешавад.
Ҳамзамон, интизор меравад, ки низоми нав ба мӯҳлати ҳамлу нақли бор таъсир намерасонанд ва сарфи маблағи интиқолдиҳандагонро зиёд намекунад, зеро, тавре дар хабар омадааст, «хароҷоти истифодаи пломбаҳо дар муқоиса бо арзиши умумии молҳои интиқолёфта ҳадди ақал хоҳад буд».




