Close

ТАЪМИНИ ПЛАНШЕТҲО БАРОИ РУШДИ РАҚАМИКУНОНИИ БО СУРЪАТИ КИШВАР

Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.

Мутобиқи супориши директори корхона, вобаста ба ин санаҳои 01 то 05 октябри соли ҷорӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати кору хизматрасониҳо дар нуқтаҳои баркашӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи маркази дар филиалҳои корхона ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳои амали доир ба ворид намудани сертификати баркашӣ тариқи барномаи ягона, ба экспертони нуқтаҳои баркашӣ дар минтақаи Ҳисор, Рашт ва Кӯлоб оғоз шуд.

Барои ба талаботҳои имруза ҷавобгуй намудани кору хизматрасониҳо нуқтаҳои баркашии филиали минтақаи Ҳисор, Рашт ва Кӯлоб бо дастури директори корхона планшетҳо ва клавиатураҳо таъмин карда шудаанд, ки ин фаъолияти экспертони нуқтаҳои баркаширо бо барномаи ягонаи рақами хубтар мекунад.

Ҳамзамон аз тарафи роҳбарияти корхона ҷиҳати бо камераҳои офтобӣ  таъмин намудани нуқтаҳои баркашӣ дастуру супоришҳо дода шуда, дар  ин самт корбариҳо идома доранд.

Дар аксҳо рафти ҷараёни гузаронидани машғулиятҳо бо кормандони нуқтаҳои баркашии минтақаи Ҳисор, Рашт ва Кӯлоб.

Previous
Next
scroll to top