ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД «МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ» МУМИН ЛАШКАР ҚИЁМУДДИН БАХШИДА БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз,
Сараввал, мехоҳам дар ин рӯзҳои фархунда ва барои миллати тоҷик муқаддасу сарнавиштсоз ҳамаи шуморо аз номи Роҳбарияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ва кормандони он ба ифтихори наҷибтарин дастоварди таърихии миллат – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаобадӣ, бахту иқболи баланд ва комёбиҳои рӯзафзун таманно намоям. Орзумандем, ки фазои соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба маънои васеаш, барои рушду камоли ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун фарди худогоҳу худшинос мусоидат карда бошад.
Ба бахти миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик, Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гардида, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёти кишвар рушду равнақи бесобиқа ба назар мерасад. Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла, роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум (Шоҳон–Зиғар ва Шкев–Зиғар), Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак анҷом ёфта, роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол ‑ Саритош (сарҳади Қирғизистон) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода низ далели равшани таваҷҷуҳи хоссаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид. Чунончи шоҳид ҳастем, тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёт роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 созишномаи дуҷониба бо 9 давлатҳои аъзоҳои ИДМ ва 7 давлати Осиёи Марказию Аврупо имзо намуда, ба 27 созишнома ва 7 Конвенсияи байналмилалӣ дар доираи 11 ташкилот шомил шудааст. Татбиқи созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи интиқоли байналмилалии бору мусофирон бидуни монеа амалӣ гардида, талаботҳои Созишномаҳо ба таври комил иҷро мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо алъон ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба таври расмӣ ҳамроҳ шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки бо иқдомҳои наҷиби ободкориву созандагӣ симои шаҳру ноҳияҳои кишвар, бахусус пойтахти мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтаву сайёҳони зиёдеро аз нуқтаҳои гуногуни олам ҷалб мекунанд. Ҳамакнун, Тоҷикистони азизи мо мавриди таваҷҷуҳу тарҷеҳи мардумони олам қарор гирифтааст. Инак, бо афзоиши иқтидори энергетикии кишвар ва татбиқи тадриҷии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мо ба марҳилаи комилан нави рушду тараққиёт ва некуаҳволии мардум роҳ кушодаем.
Бигзор, роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўйи фардоҳои дурахшони миллат ҳамеша ҳамвору нурбор ва саршор аз пирўзиву нусрат бошад!




