Close

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Нобудсозӣ ё утилизатсияи воситаҳои нақлиёт чист, он чӣ гуна анҷом дода мешавад ва чӣ қадар арзиш дорад

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.

Тавассути маводҳо дар ин  бахши сомона мо тасмим гирифтаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем.

Ба қабулгоҳи электронии Вазорати нақлиёти ҶТ дар бораи он, ки нобудсозӣ ё утилизатсияи воситаҳои нақлиёт чист, он чӣ гуна ва бо кадом мақсад анҷом дода мешавад ва чӣ қадар арзиш дорад, саволҳо  мерасанд.

Имрӯз мо дар ин бора маълумот медиҳем.

Утилизатсия ё нобудсозӣ чист?

Биёед аз он шуруъ кунем, ки ҳеҷ чиз дар зери гунбади гардун абадӣ боқӣ намемонад. Автомобилҳо низ. Онҳо, ба монанди бисёр чизҳои дигар тадриҷан фарсуда мешаванд ва «умри» худро ба поён мебаранд. Чунин мошинҳо ё барои ба қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо кардан ба фурӯш мераванд ё утилизатсия мегарданд, яъне нобуд сохта мешаванд.Аксаран автомобилҳое, ки бар асари садамаҳои нақлиётӣ сахт осеб дидаанд, аз байн бурда мешаванд. Ҳамонҳое, ки барқарор карданашон  ғайри имкон аст ва нигоҳ доштанашон дигар маъно надорад.

 Беҳуда нигоҳ доштани мошини аз кор баромадаи нолозим дар рӯи ҳавлӣ роҳи ҳалли мушкилот нест. Ҳамсояҳо метавонанд аз мошини куҳнаю хароби партофташуда шикоят кунанд. Агар омада мошинро тахлия, яъне эвакуатсия кунандд, соҳиби он бояд барои хизматрасонии эвакуатор ва таваққуфгоҳи махсус пул пардохт намояд.  Ба ҷуз ин, агар воситаи нақлиёт аз қайди давлатӣ бароварда нашавад, соҳиби он бояд андоз супорад.

Ба ибораи дигар, утилизатсия – ин  нобудсозии бехатари мошини кӯҳна ва расман  аз «дарди сар халос кардан»-и соҳиби он мебошад.

 Мувофиқи луғатномаҳои энсиклопедӣ, утилизатсия (аз калимаи лотинии utilis) маънии «истифодаи самаранок»-ро дорад. Масалан, утилизатсияи  партовҳо.

 Дар бисёр кишварҳои Аврупо ва манотиқи дигар ҷамъоварӣ, ба қисмҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳо амалӣ карда мешавад. Қисме аз партовҳои ҷамъшударо ба таври бехатар нобуд месозанд, қисми дигарро ба энергия табдил медиҳанд ва қисми сеюмро утилизатсия мекунанд, яъне аз нав коркард намуда, ба давраи истеҳсолӣ  бармегардонанд.

 Воқеан, дар Тоҷикистон низ якчанд марказҳои қабули партовҳо мавҷуданд, ки қоғазпора, оҳанпора, шишаҳои пластикӣ, чархҳои кӯҳнаи автомобил ва ғайра қабул мекунанд.

 Дар баробари ин марказҳое низ ҳастанд, ки метавон ба онҳо мошинҳои кӯҳнаро барои утилизатсия ё нобуд кардан ба ивази маблағи муайян супорид. Маълумотро дар бораи чунин марказҳо дар сайтҳои расмии мақомоти давлатӣ дастрас кардан мумкин аст. Фақат донистан шарт аст, ки ин нуқтаҳо бояд махсусгардонидашуда бошанд, иҷозатнома (литсензия)-и дахлдор дошта бошанд ва  нобудсозии бехатари мошинро кафолат диҳанд, вагарна соҳибони мошинҳо метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар марказҳои махсусгардонидашуда мошини кӯҳнаро ба ҷузъҳо ҷудо мекунанд, оҳанпораҳоро гудохта, барои истеҳсоли мошину таҷҳизоти нав истифода мебаранд.    

Previous
Next
scroll to top