Close

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ВОБАСТА БА ЭЛЕКТРОНИНАМОИИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ”

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ВОБАСТА БА ЭЛЕКТРОНИНАМОИИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ”

            Таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд. Ин аст, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ” кормандони шуъбаи санҷиши назоратии КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар ҳамбастагӣ бо кормандони ҶСК “Ориёнбонк” ба ронандагони ҷамъиятҳои боркашонӣ вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили инкишофи низоми молиявӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети кишвар нақши муҳим дорад. Истифодаи оммавии воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо (хариди молу хизматрасониҳо) ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, инчунин ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба аҳолии кишвар имконият медиҳад, ки ҳарчи бештар ба хизматрасониҳои пардохтӣ дастрасӣ пайдо намуда, бидуни ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо роҳҳои қулай, осон ва босуръат пардохти молу хизматрасониҳоро ба таври фосилавӣ анҷом диҳанд ва вақти худро сарфа намоянд. Дар идома, гуфта шуд, ки ронандагон ва ҷамъиятҳои хизматрасонӣ имкон доранд, ки кортҳои бонкии ҶСК “Ориёнбонк”-ро дар муҳлати муайяншуда ба таври ройгон дастрас кунанд. Дар ин замина, дар идомаи вохӯрӣ ба чанде аз ронандагон ва ҷамъиятҳои хизматрасониҳои нақлиётӣ аз ҷониби кормандони ҶСК “Ориёнбонк” кортҳои бонкӣ ба таври ройгон тақсим карда шуд.
scroll to top