Close

Дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи МОДАР –САРЧАШМАИ ҲАЁТ доир гардид

Чорабиниро дар корхона муовини якуми директор Рауфзода А.Р. оғоз намуда мавсуф иброз дошт,  ки   бузургии  зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Намунаи волотарини меҳри фарзанд ба модар ва эҳтироми самимӣ ба мақоми зан дар ҷомеаи мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар суханрониҳо ва паёмҳои табрикии Рӯзи Модар Пешвои миллат  пайваста аз муқаддас будани номи модар ёд мекунанд ва ин номро чун сароғози ҳаёт ва пояи ахлоқу инсонгарӣ ба сатҳи арзиши миллӣ мебардоранд.

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар як модари барои фарзанд гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст

Дар зери қудуми Модарон аст.

Previous
Next
scroll to top