
“Парчами миллӣ” яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон
24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан ва нишонаи мустақиливу соҳибихтиёрӣ буда, таҷлили ин рӯз дар сарорсаи кишвар бо ифтихор ва сарфарозӣ сурат мегирад. Ҳамагон медонем, ки корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи соли 2007 “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар мекунад.
Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили аҷдодони мо, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони ниёгон маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ин ҷашни миллиро ба кулли мардуми тоҷик, ки воқеан ҳам як халқи шуҳратёр ва соҳибтамаддун аст, фархунда ва муборакбод гуфта, мудом дар орзуи осмони софу беғубор, авҷи баланди парафшонии Парчами Ватан ва бардавомияти сулҳу субот аст. Умедворем, ки Парчами давлатии мо бо баландтарин қомат дар ҷаҳон солҳову асрҳои зиёд парафшон хоҳад буд.
Бори дигар ҷашни Парчам муборак, ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтироми хоса Директори КВД “МСКХСН” САИДЗОДА С.С.





