Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021, №7 “Дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ва барқияи электронии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, санаи 6 июли соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Роҳи Тоҷик” ҷаласаи ҳисоботӣ бо иштироки директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Мумин Лашкар Қиёмуддин, мутахассиси шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Назаров Ш.М. ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик” баргузор гардид.
Аз рӯйи масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷгардида, сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар се моҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда” шунида шуд.
Сипас, тибқи тартиби рӯзномаи Маҷлис аз ҷониби аъзои ҳизб қарорҳои дахлдор “Дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ ва Раёсати Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе”, “Дар бораи рафти татбиқи қарор ва нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи таҳлили фаъолияти ташкилкилоти ибтидоӣ дар самти корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ” қабул гардиданд.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ташкилоти ибтидоӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.






