Санаи 7 июли соли ҷорӣ, дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шаш моҳаи аввали соли 2021 бо иштироки Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Давлатзода Зулфия Хамид, роҳбарият ва кормандони корхона доир шуд.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ, нахуст директори корхона Мумин Лашкар Қиёмуддин аз фаъолияти шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот ироа намуда, қайд намуд, ки “Корхонаи вохиди давлатии “Маркази сертификатсияи кор ва химатрасонии соҳаи нақлиёт” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти ва ХДНТСН, ки бевосита ба ҳифзи бозори истеъмолӣ аз хизматрасонии бесифат, риояи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар соҳаи нақлиёт нигаронида шуданд, фаъолиятро ба роҳ монда, дар нимсолаи аввали соли 2021 ҷиҳати таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, корҳои мушаххасро ба иҷро расонд ва новобаста аз вазъияти мурраккаби паҳншавии бемории сироятии короновирус (COVID-19) ва пайомадҳои молиявии ҷаҳонӣ фаъолияти корхона тибқи нақшаи пешбинишуда ба роҳ монда шудаст. Бояд қайд кард, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ соҳаи нақлиёт мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад”.
Қайд гардид, ки “Мутобиқи фармоиши Вазири нақлиёти Чумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар терминали наздисарҳадии “Фотеҳобод” нуқтаи баркашии воситаҳои нақлиёт ташкил шуда, назорати воситаҳои нақлиёти боркашӣ бо пуррагӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин, азнавсозии хона – вагонҳо ва сохтани майдончаҳо аз ду самт барои ҷойгир намудани таҷҳизотҳои вазнченкунии сайёр дар хама нуқтахои баркашӣ марҳила ба марҳила ба роҳ монда шуда истодааст”.
Иттилоъ дода шуд, ки “Барои пешбурди кор дар 27 нуқтаи баркашии минтақавии корхона шиору овезаҳо бо дарҷи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №779, 535 ва 569 аз нав таҳияву танзим гардида, дар ҷойҳои намоёни нуқтаҳои хизматрасонӣ насб карда шуданд”.
Вобаста ба ҳамкории КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо дигар корхонаҳои муштарак директори корхона Мумин Лашкар Қиёмуддин иброз доштанд, ки “Бо мақсади батанзимдарорӣ, риояи меъёрҳои муқарраргардида ва пурра пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн бо дигар мақомотҳои назоратии соҳаи нақлиёт ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёти гаронвазн боздошт шуда истодааст”. Дар идома, директори корхона қайд намуданд, ки “Бо мақсади назорати риояи меъёрҳои муқарраргардида ва пурра пешгирӣ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн аз ҷониби корхона дар мувофиқа бо Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, нақшаи фаъолияти кормандони гурӯҳҳои мобилӣ тартиб дода шуда, танзими ин масъала аз ҷониби роҳбарияти корхона зери назари ҷиддӣ қарор дорад”.
Дар самти рақамикунонии хизматрасонӣ ва ба ин тартиб сода намудани фаъолияти экспертони корхона иттилоъ дода шуд, ки “Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди Ҳукумати электронӣ, вобаста ба рақамикунонӣ ва барномасозӣ, дар корхона шартнома бо барномасоз баста шуда, айни ҳол барномаи электронӣ тарҳрезӣ гардида истодааст. То ба имрӯз вориднамудани сертификатҳои баркашӣ, мутобиқати кор ва хизматрасониҳо ва салоҳиятнокии касбӣ ба итмом расидааст. Барои сари вақт ва ба таври оҷилӣ пур кардани сертификати баркашӣ ҷустуҷӯ бо рақами давлатии воситаҳои нақлиёт илова гардидааст. Бартараф намудани маҳдудияти корҳо дар ин самт идома дошта, тақрибан 70 % – и корҳо анҷом ёфта, интегратсияи маълумотҳо бо банкоматҳои ҶДММ “Пайванд Гурўҳ” ва ҷобаҷогузории тартиботи маълумотҳои воридгардидаи истифодабарандагон ва омодаю пешниҳоди ҳисоботҳо аз рўйи санаи интихобгардида ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд, ки оиди ин масъала вохўриҳо ва муаррифии корҳои анҷомгардида дар Вазорати нақлиёт ду маротиба доир гардид. Ҳамзамон, бо ҶДММ “Пайванд Гурўҳ” шартнома оиди харидорӣ ва насб намудани 10 адад терминалҳои пардохти ғайринақдӣ барои нуқтаҳои баркашии корхона ба имзо расидааст ва айни замон 4 адад терминал харидорӣ карда шуда, дар нуқтаҳои баркашии РБ 04 км 33,600 Душанбе-Кулма ш.Ваҳдат, РҶ 043 км 12 Султонобод, н.Рӯдакӣ, РҶ 043 км 44 Душанбе-Рӯдакӣ-А-Ҷомӣ н. Ёвон, РБ-02 км 22 н.Ҳисор, РБ-09 км 84,0 Қизил- Қалъаи н. Хуросон ва РБ-09 км 180,0 Душанбе Бохтар Панҷи-Поён насб гардидааст”.
Дар фарҷом Мумин Лашкар Қиёмуддин изҳори умедвори намуданд, ки бо қувваи мутахассисони корхона ва иродаву дониши онҳо тамоми камбудиҳои ҷойдоштаи шаш моҳаи аввали сипаришударо то охири соли 2021 бартараф намуда, корҳоро дар ин самт ҷоннок менамоянд.
Дар идомаи ҷаласа Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ҷиҳати ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта таъкид намуда, пурзур намудани самтҳои фаъолият кормандонро вазифадор намуд.




