Замони муосирро бидуни донистани забонҳои хориҷӣ тасаввур намудан имконнопазир аст. Махсусан, дар ҷаҳони технологӣ ва инноватсионӣ донистани чанд забони хориҷӣ, аз қабили забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва арабӣ шарту зарур дониста мешавад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро қариб дар тамоми баромад ва суханрониҳои хеш таъкид намуда, ҳамеша ҷавононро ба забономӯзӣ ва касбомӯзӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.
Ин аст, ки КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ин тавсияву таъкидҳои Сардори давлатро дар дастури кории худ қарор додаву барои ба забономӯзӣ фаро гирифтани кормандони корхона иқдом кардааст. Барои гузаронидани курси забономӯзӣ ба корхона мутахассиси соҳибтаҷриба ва донандаи забони хуби англисӣ Худоиева Зуҳро ҷалб шудааст.
Ёдовар мешавем, ки курси забони англисӣ дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” аз аввали моҳи декабри соли равон оғоз гардида, ҳафтае се маротиба гузаронида мешавад, ки чанд моҳро дар бар мегирад ва баъди анҷоми ин курс кормандон соҳиби сертификат мешаванд.
ЗАБОНОМӮЗӢ – ТАҚОЗОИ ЗАМОН




