Close

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” МУМИН ЛАШКАР ҚИЁМУДДИН БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” МУМИН ЛАШКАР ҚИЁМУДДИН БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамватанони азиз,

Сараввал, мехоҳам ҳамаи шуморо ба муносибати яке аз ҷашнҳои муҳимми давлатӣ – 24-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, хонаи обод, ҳаёти осоишта ва фаъолияти созандаву пуршараф баҳри боз ҳам гул-гулшукуфон гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно намоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро дар радифи Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик медонанд. Ин эътирофи Пешвои миллатро муаррихону муҳаққиқони гузаштаву муосир собит намуда, тоҷиконро ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, бунёдкориву созандагӣ васф менамоянд.

Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми тоҷик тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва дар ин замина ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди бемайлони он бипардозад.

Насли наврасу ҷавонро зарур аст, ки аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархӯрдор бошанд. Воқеан, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар асари “Тоҷикон дар ойинаи таърих” гуфтаанд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамини аҷдодӣ ва марзу бум, расму оини ниёгон огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд”.Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи мо хисороти зиёд оварда, боиси ҳалокати ҳазорҳо ҳамватанон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад”.


Пешвои миллат қариб дар ҳама суханрониҳои хеш аз ҳифзи Ваҳдати миллӣ, зиракии сиёсӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳувияти миллӣ таъкид намуда, аз ҷумла фармудаанд: “Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале, агар мо хоҳем, ки мамлакати мо ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модари худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем. Ин, пеш аз ҳама, аз дилу нияти нек, азму талоши гарм ва меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандон вобаста аст. Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ моро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад”.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Пешвои миллат гуфтаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”. Имрӯз аксарияти кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи беҳамто дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд.Дар тӯли 24 соли баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон реша давонд ва боровар гардид. Вазифаи муқаддаси кулли ҷомеаи кишвар ҳифзи ҳамешагии сулҳу субот ва тарбияи мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ маҳсуб меёбад.

Бояд зикр кард, ки дар давраи ҷаҳонишвӣ дар дунё раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта, инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми кишварҳои сайёра аз ин раванд дар ташвишанд. Амалиётҳои террористӣ дар кишварҳои мухталиф ва ҳаводисе бо номи “инқилобҳои рангин ё худ махмалӣ” кулли мардуми дунёро ба таҳлука овардааст. Воқеаҳои авохири кишварҳои дунё, аз ҷумла, бесарусомонӣ дар Афғонистон, Яман, Сурия ва Ироқ бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ ба он далолат доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Мо бояд Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем”.


Дар ин роҳи мураккаб ва ҳамзамон пуршарафи таърихӣ ба ҳамаамон муваффақияту сарбаландӣ хоҳонам!

scroll to top