Close

ТАҚДИМИ ИФТИХОРНОМА БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

               ТАҚДИМИ ИФТИХОРНОМА БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

         Имрўз 22 апрели соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо иштироки директори корхона Мумин Лашкар Қиёмуддин ба кармондони корхона ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман ” ифтихорномаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

         Таъкид ба маврид аст, ки озмунҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла кормандони сохторњои Вазорати нақлиёт доир карда шуд.

         Ёдовар мешавем, ки озмунҳои мазкур санаи 19-уми марти соли 2021 бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байни кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, кормандони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соњаи нақлиёт” дар он иштироки фаъолона доштанд ва сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданд.

scroll to top