ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2020
Субҳи 12 январи соли 2021, дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти корхона дар соли 2020 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, роҳбарони филиалҳои корхона, экспертони муассиса ва ҳамчунин роҳбарият ва кормандони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” иштирок намуданд.
Нахуст дар ҷаласа, маърӯзаи Директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Мумин Лашкар Қиёмуддин оид ба фаъолияти корхона дар соли 2020 шунида шуд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ соҳаи нақлиёт мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иқтисодии мамлакат нахуст стратегияи аз бумбасти комуникатсиони баровардани кишварро пешниҳод намуданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ гардид. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт аҳамияти хоса дода, барои пешрафт ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳа вазифаҳои навбатиро ба миён гузоштанд.
Муайян гардид, ки дар соли сипаригашта сертификати мутобиқати кору хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт 738 адад, сертификати салоҳиятнокии касбии кормандони соҳаи нақлиёт 4948 адад ва сертификати баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш 162375 ададро ташкил додааст. Нишондоди мазкур гувоҳи он аст, ки корхона ба ҳамаи мушкилотҳои пешомада нигоҳ накарда, нисбати хамин давраи соли гузашта фаъолияти босамар нишон додааст, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти сертификати мутобиқат тамоили афзуншавӣ дида мешавад.
Директори корхона қайд намуд, ки Барои пешбурди кор дар 25 нуқтаи баркашии минтақавии муассиса шиору овезаҳо бо дарҷи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №779, 535 ва 569 насб гардид.
Дар самти ҳамкориҳои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” сухан рафта, дарҷ гардид, ки бо мақсади батанзимдарорӣ ва пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн бо дигар мақомотҳои назоратии соҳаи нақлиёт ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёти гаронвазн боз дошта мешавад. Илова бар ин, аз ҷониби кормандони Хадамот ба тамоми корхонаҳои сементбарорӣ, конҳои ангишт, карьерҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот дар хусуси риоя намудани меъёрҳои муқарраргардида “Огоҳинома” дода шуда, назорат дар ин самт пурзӯр карда шуд. Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба фаъолияти якҷояи кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД ҶТ дар ш. Душанбе ва КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт», дар нуқтаҳои баркашии воситаҳои нақлиёт, ҳамарӯза чораҳои зарурӣ андешида шуда, соли равон, дар 454 адад воситаи нақлиёти боркаш бори аз меъёри муқараргардида зиёд ошкор гардид, ки бори онҳо ба дигар воситаҳои нақлиёти боркаш гузаронида ба меъёрҳои муқараргардида мутобиқ карда шуд. Нисбати 4 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки бори тақсимнашаванда доштанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 311 аз тарафи нозирони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тартиб дода шуд. Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки шумораи воситаҳои нақлиёти гаронвазни аз меъёрҳои муқаррарӣ зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 321 адад ошкор гардидааст.
Дар идома директор Мумин Л. Қ. қайд намуд, ки дар давоми соли сипаригашта дар 184 корхона, ҷамъият ва нуқтаҳои хизматрасони марбути соҳаи нақлиёт корҳои нозиротӣ гузаронида шуда, дар самти сертификатсиякунонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар самти сертификатсиякунонии корхонаҳои роҳдорӣ ишора рафта, ироа гардид, ки ба 33 корхона 287 адад сертификати салоҳиятнокии касбӣ ва 84 адад сетификати мутобиқати кору хизматрасониҳо ба қайд гирифта шуд.
Дар доираи нақша чорабиниҳои дар корхона анҷомшшуда сухан рафта, иброз гардид, ки Ҷиҳати иҷрои “Нақша-чорабиниҳо оид ба роҳ мондани қабули хизматрасониҳои пулакии давлатӣ” ки бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон №39, аз 19 феврали соли 2019 дар доираи иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №565, аз 30 ноябри соли 2018 «Оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» тасдиқ шудааст, дар нуқтаҳои баркашии корхона 10 адад постерминалҳо барои пардохти маблағҳои ғайринақдӣ васл карда шуда, инчунин шиорҳои таблиғотӣ оид ба ин намуди пардохт насб карда шудааст.
Дар ҳошияи супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди Ҳукумати электронӣ, вобаста ба барномасозӣ дар корхона шартнома байни барномасоз баста шуда, айни ҳол барномаи электронӣ таҳрезӣ гардида истодааст. Дар ин раванд, аз ҷониби чор нуқтаи баркашӣ пешниҳоди маълумотҳо ба Марказ тариқи электронӣ ба роҳ монда шуда, баъди пурра ба анҷом расонидан ва омода шудани барнома тамоми нуқтаҳои баркашӣ низ ба барномаи электронии мазкур пайваст мегарданд, ки ин боиси назорат, таҳлил ва пешбурди кор, инчунин пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, дар корхона ва филиалҳои минтақавӣ, китобхона бо китобҳои бадеӣ ташкил карда шуд, ки дар он шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди сирояти коронавирус, Директори корхона Мумин Л.Қ., қайд намуд, ки дар ин давра барои кормандони дастгоҳи марказӣ, филиалҳои зертобеи корхона ва нуқтаҳои баркашии воситаҳои нақлиёт доруқуттиҳо харидорӣ карда шуда, бо таъмин намудани доруҳои зарурӣ барои истифода ирсол карда шуд. Вазъи саломатии кормандон зери назорати доимии роҳбарияти корхона қарор дошта, маълумоти зарурӣ ҳамарӯза ҷамъоварӣ гардида, ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ирсол карда мешавад.
Дар анҷоми маърӯза таъкид гардид, ки корхона бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани тарғиботи васеи моҳияти Истиқлолият ва озодӣ, дар дастгоҳи марказии корхона, филиалҳои минтақавӣ ва нуқтаҳои баркашӣ, шанбегҳо ташкил намуда, ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳали зист, гулгашту майдонҳо ва анҷом додани корҳои дигари созандагиро ба роҳ мондааст.
Зимнан, баъди ба анҷом расидани маърӯзаи Директори корхона Мумин Л.Қ., Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ба роҳбарияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”, ҳамчунин ба роҳбарон ва масъулони филиалҳои зертобеи корхона барои бартарафнамоӣ ва сифатан баланд бардоштани фаъолияти кории онҳо супоришҳои мушаххас доданд.




