Close

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РОҲИ ТОҶИК”


         Ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳи тоҷик»-и ҲХДТ дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” имрӯз, 19 – уми январ дар толори маҷлисгоҳи корхона баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзоев Носирҷон Маҳмадиевич, сарпарасти ташкилот Наботов Шукрулло иштирок намуданд. Мавзуъи ҷаласа “Оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик” дар соли 2020”, ҳамчунин, тасдиқ намудани Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик” барои соли 2021 ва дигар масъалаҳо иборат буд.

         Ҷаласаро бо сухани муқаддамотӣ Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳи тоҷик» Мумин Лашкар Қиёмуддин ифтитоҳ кард ва иштирокдорони маҷлисро барои ҳамрайъӣ дар татбиқи барномаҳои ҲХДТ ва шомил шудан ба сафи ҲХДТ табрику ташаккур намуд. Вобаста ба масъалаҳои ҷаласа, Раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик”-ро ироа намуд.

         Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар давоми фаъолияти худ ба комёбиҳои зиёд мушарраф гардида, дар баробари ин пешрафту дастовардҳо вазифаи аввалини худро, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои оинномавии ҳизб маҳсуб мешавад, роҳандозӣ намудааст. Инчунин, қайд гардид, ки соли сипаригардида барои тамоми сохторҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзои ҳизб басо хотирмон буд. Зеро дар соли сипаригардида ду маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ, инчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик” саҳми назаррас дошт.

         Мумин Лашкар ҳамчунин гуфт, ки ҳоло шумораи аъзои ҳизб зиёд гардида, шумори хоҳишмандон ба узвияти ба ҳизб дар миёни кормандони корхона ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.

scroll to top