Табрикоти Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Муминов Лашкар ба ифтихори Соли нави мелодии 2021
Ҳамдиёрони азиз,
Дўстони гиромӣ,
Фарорасии Соли нави 2021-ро аз номи роҳбарият ва ҳайати кормандони КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» баҳри шумо ва тамоми тоҷикони ҷаҳон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат ва соли саршор аз дастовардҳои беназир таманно менамоям!
Хушбахтона, баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани миллати соҳибтамаддуни тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат соҳаи нақлиёт ривоҷу равнақи тоза касб карда, як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтааст. Албатта, бунёди роҳу нақбҳои гўшаву канори мамлакатамон дар пешрафти давлатдории мо ҷойгоҳи хос дошта, имрўзҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд идома доранд.
Умедворем, дар соли нави мелодӣ мардуми шарафманди тоҷик бо пайгирӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гашта, дар соҳаҳои нақлиёти мамлакат ҷаҳиши азиме ба вуқўъ мепайвандад ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад. Бигзор, меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва сарафрозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда гардад.
Соли нав фархунда бод!
Ҳамеша саломату сарафроз ва дўстдори Тоҷикистони азиз бошед!




