Cанаи 22 июл то 02 августи соли 2023 бо даъвати ширкати ESIT Elektronik A.S. гуруҳи корӣ дар ҳайати директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Саидзода С.С., муовини директор Ахунов Ҷ. ва сармуҳандиси корхона Саидов Д. ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд. Мақсади сафар, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти истифодабарии таҷҳизотҳои вазнченкунии муосир ва системаи баркашии автоматикӣ, боздид аз кору фаъолияти ширкат, инчунин омӯзиши маҷмӯи системаҳои пешниҳодшуда буд.
Ширкати мазкур ҳамчун истеҳсолкунандаи маҷмӯи таҷҳизоти вазнченнамоии автоматикӣ ҳангоми ҳаракат таҷрибаи ғанӣ дошта, дар баробари ин дигар таҷҳизоти вазнченнамоӣ, аз ҷумла таҷҳизоти вазнченамоии статсионарии муосири электронӣ, тарозуҳои мобилии масофавӣ ва тарозуҳо барои роҳи оҳанро низ истеҳсол ва васлу насб менамояд.
Баъди шиносоӣ бо роҳбарият ва мутахассисони ширкати мазкур дар нишасти тарафҳо масъалаҳои дар пешистода бо мутахассисон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, санаҳои 23 то 28 июл дар офиси марказӣ дарсҳои омӯзиши системаҳои пешниҳодшуда ба роҳ монда шуд. Дар ин муддат гуруҳи корӣ бо системаҳои баркашиҳои автоматикии муосир ва таҷҳизотҳои вазнченнамоии ҳозиразамон шиносоӣ пайдо намуда, аз тарафи мутахассисони ширкат дарсҳои амалӣ гирифта, соҳиби Сертификат дар ин соҳа гардиданд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар оянда омӯзиши таҷҳизотҳои вазнченнамоӣ ва системаҳои баркашии автоматикии муосири Ҷумҳурии Туркияро барои сайқал додани донишу малакаи мутахассисони соҳавӣ ба мақсад мувофиқ мешуморад.
КВД “МСКХСН”











