ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ
Ҳамкоронӣ азиз,
Ифтихори мо аст, ки 24 ноябр ҳамчун Рўзи қабули Парчами давлатӣ дар саросари кишвар бо ифтихороту тантанаҳои ҷашнӣ ва роҳпаймоиҳову баргузории нишастҳои илмӣ-оммавӣ таҷлил мешавад. Ва сараввал, мехостам ҳамаи шуморо ба муносибати ин ҷашни муҳимми милливу давлатӣ таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, комгориҳо ва фаъолияти пурсамару шарафмандона баҳри ободиву шукуфоии рўзафзуни Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз таманно карда бошам.
Парчам, байрақ, ливо, дирафш, пеш аз ҳама, рамзи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дарку ҳифзи арзишҳои миллии ҳазорсолаҳо шаклгирифта ва бо боварии комил эълон намудани ҳуқуқи маънавии хеш баҳри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини як сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳимму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи Истиқлолияти давлатӣ инъикос меёбанд.
Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва баҳри истиқлолу озодӣ мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёкони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд.
Пас аз заволи Давлати Шўравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ба вуҷуд омад.
Бо мақсади ҳар чи зудтар қабул намудани рамзҳои давлатӣ аз 28 июни соли 1991 Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ҳамзамон, ҳамон вақт озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ эълон гардид. Барои натиҷагирӣ аз кори ин озмун, ҳамзамон, комиссияи вижае таҳти роҳбарии Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимӣ таъсис ёфт.
Ҳамин тавр, баъди баҳсу мунозираҳои зиёд Парчами нави Тоҷикистон соҳибистиқлол бо инъикоси се ранг: сурху сафеду сабз ва дар маркази он акси тоҷ бо ҳафт ситора аз тарафи комиссияи зикргардида қабул шуда, дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон рўзи 24 ноябри соли 1992 он баррасӣ ва тасдиқ шуд. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Тарзу усули истифодабарӣ ва аз лиҳози ҳуқуқи чӣ тавр муносибат намудан бо Парчами давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 муайян гардидааст.
Хушбахтона, бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рўзи 24 ноябр ҳамасола чун «Иди Парчам» таҷлил карда шавад. Аз ин лиҳоз, Презденти мамлакат моҳи ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ, лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод намуд. Ҳамин тариқ, тавассути ворид намудани таѓйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 минбаъд рўзи 24-уми ноябр чун рўзи «Иди парчам» муқаррар гардид. Санаи 30 августи соли 2011 бошад дар маркази шаҳри Душанбе манораи 165-метраи Парчами Тоҷикистон қомат афрохт, ки 30 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дорад. Бо ин шаҳодат манораи Парчами Тоҷикистон ба китоби рекорди Гиннес дохил гардидааст.
Бешак, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Парчами миллӣ имрўз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёнтаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон пайкори созандагиву асолати миллӣ давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Бигзор, миллати куҳанбунёду сарафроз ва боазму тамаддуновар, давлати соҳибистиқлолу шарафманди мо Тоҷикистони азиз ҳамеша устувору пойдор ва Парчами давлатии он чун дар боми Кохи миллат то абад парафшону дурахшон бошад!
Муминов Л.Қ. – Директори
КВД “Маркази сертификатсиякунонии
кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”




