Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Парчам рамзи давлатдорист» доир гардид. Чорабинии тантанавӣ дар толори маҷлисгоҳи корхона бо иштироки кормандони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро дар ин чорабинӣ Директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Муминов Лашкар Қиёмуддинович оғоз намуда, ҳозиринро бо ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон тансиҳативу хонаободиро таманно намуд. Ҳамзамон, Директори корхона бо ишора ба таърихи парчами миллӣ ба ҷавонон муроҷиат кард ва гуфт, ки ифтихори ватандорӣ қабл аз ҳар чизи дигар аз эҳтироми муқаддасоти он шурӯъ мешавад.
Ба андешаи Директори корхона Муминов Л.Қ «Бешак, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист».
Зимнан, мавсуф дар идомаи суҳбат ёдовар шуд, ки «Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва баҳри истиқлолу озодӣ мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёкони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд».
Инчунин дар чорабинӣ яке аз кормандони фаъолу ҷавони КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Имомалиева Азиза баромад намуда, иброз дошт, ки «Парчами давлатӣ рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри истиқлолият, бахту иқболи сафед ва рамзи саъйу кушиш баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон мебошад». Дар идома, корманд Имомалиева Азиза аз таърихи Парчами халқи тоҷик ёдовар шуда, иброз намуд: «Бояд зикр намоем, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад». Дар охир, дар васфи Парчам шеърҳои пурмазмуну таъсирбахш аз ашъори адибони тоҷик қироат карда шуд.




