Close

МАҶЛИСИ КОРИИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРОНИ НАҚЛИЁТИИ КИШВАР

Санаи 16 декабр, дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири нақлиёт Азим Иброҳим, муовини Вазир Шоиста Саидмуродзода бо роҳбарони корхонаҳои нақлиётии кишвар, ки бо боркашонӣ ва мусофиркашонӣ машғуланд, аз ҷумла Директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Саидзода С.С., вохӯрии корӣ баргузор гардид.

Вазир қайд намуд, ки нақлиети автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои ҳаетан муҳими иқтисодиети мамлакат буда, рушди пайвастаи он ба рушди дигар бахшҳои иқтисодиёт мусоидат менамояд. Азбаски 93 фоизи боркашонӣ дар кишвар тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад, бояд ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ барои рушди беҳтари соҳаи нақлиет ва расонидани хизматрасониҳои босифат  ва самарабахш тақвият дода шаванд.

«Ҳамаи ин ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ,  фаъолияти бехатари системаи нақлиётӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасониҳо равона шудааст», – хулоса кард Вазири нақлиёт Азим Иброҳим.

8baPQsoFCE1p6vL3gkHbs9XWHEiWmm6q1xoxWi1C МАҶЛИСИ КОРИИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРОНИ НАҚЛИЁТИИ КИШВАР

gmCjPmB09zdN1miYwd007wgbpEowMIqdHOp5lKY5 МАҶЛИСИ КОРИИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРОНИ НАҚЛИЁТИИ КИШВАР

Матни пурраи вохурӣ дар сомонаи Вазорати Нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

scroll to top