Close

САФАРИ КОРИИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БА КУРИЁ. Масъалаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ равона шудаанд, баррасӣ гардиданд

Аз 26 апрел то 3 майи соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  роҳбарии  муовини аввали Вазири нақлиёти ҶТ Фаррух Неъматзода ба Ҷумҳурии Куриё сафари корӣ анҷом дод.

Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода, Директори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Сайфиддин Саидзода, сармутахассиси  Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Эраҷ Таваралиев, мутахассиси пешбари  Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти ҶТ Диловар Ҷалолов, сармутахассиси КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» Солимшо Назриев, сармутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Алишер Султонзода ва Сардори шӯъбаи экспертизаи  КВД «Ташхисгар» Лутфулло Исмоилзода шомил буданд.

Мақсади сафар омӯзиши таҷрибаи Куриёи Ҷанубӣ  оид ба  рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, аз ҷумла технологияи сохтмони зеризаминӣ буд.

Намояндагони Тоҷикистон дар ҷараёни сафари корӣ 27 апрел аз Ui-Sinseol – яке аз хатҳои метрополитени Сеул, бузургтарин системаи муосири нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҷаҳон дидан намуданд. Ин хат 11,4 км дарозӣ дорад, бо дигар шохаҳои метро пайваст ва пурра зеризаминӣ аст. Он 13 истгоҳро дарбар мегирад ва  дар як шабонарӯз беш аз 110 ҳазор нафар мусофиронро интиқол медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи вагонҳои метро бо камераҳои назорати видеоӣ, лавҳаҳои электронии иттилоотӣ, кондитсионерҳо, дастгоҳҳои зидди сӯхтор, ҷойҳо барои мусофирони дорои эҳтиёҷоти махсус ва инчунин Wi-Fi муҷаҳҳаз карда шудаанд.

28 апрел ҳайати кишвари мо ба шаҳри Паджуи музофоти Кёнгидо ташриф овард. Яке аз бандҳои асосии барнома шиносоӣ бо майдончаи сохтмони  қисмати дуюми  шоҳроҳи баландсуръати «Гимпо – Паджу» буд, ки дар тӯли он нақби зери дареи Ханган канда мешавад. Корҳо бо истифодаи бузургтарин маҷмааи нақбгузаронии Корея, ки бо системаи интеллектуалии назорати бехатарӣ дар вақти воқеӣ муҷаҳҳаз  гардидааст, иҷро карда мешаванд.

Бо иштироки коршиносони машваратӣ 29 апрел масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтори роҳи оҳан, технологияҳои муосири сохтмон, идоракунии лоиҳаҳо ва ғайра муфассал муҳокима карда шуданд.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти муовини якуми Вазири нақлиёти Тоҷикистон Фаррух Неъматзода бо Роҳбари гурӯҳи фаври Фонди ҳамкорӣ дар соҳаи рушди иқтисодӣ (EDCF)-и  Боки содироту воридоти Корея (Export-Import Bank of Korea) Ом Сон Ён доир гардид.

Ҷонибҳо рушди мусбати ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубиро дар соҳаи нақлиёт зикр карданд. Гуфта шуд, ки танҳо дар соли 2025 Вазорати нақлиёти ҶТ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Роҳи оҳани ммиллии Корея» (Korea Railroad Corporation), Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва Бонки содироту воридоти Корея се лоиҳаи хурдро оид ба пеш аз асосноккунии  техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе,  пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии барқикунонии хатти роҳи оҳани «Ваҳдат – Пахтаобод»,  инчунин нақшаи сохтмон ва истифодаи маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Кӯлоб» ва лоиҳаи пеш аз асосноккунии   техникӣ-иқтисодии гузаронидани роҳи оҳан ба МОИ «Кӯлоб» амалӣ намуданд.

Ғайр аз ин, дар соли 2026 ҷонибҳо татбиқи чор лоиҳаи зеринро ба маблағи умумии 4,9 миллион доллари ИМА оғоз карданд:

– асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён» (51 км);

–  дастгирии Гурӯҳи корӣ оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе;

– пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони хати дуюми метро дар шаҳри Душанбе (аз Сирки давлатӣ то Дарвозаи шарқӣ);

– асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони маркази логистикӣ дар МОИ «Кӯлоб».

Роҳбари гурӯҳи  фаврии Фонди ҳамкорӣ дар соҳаи рушди иқтисодии Бонки содиротӣ-воридотии Корея Ом Сон Ён аз рушди ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кард ва омодагии худро барои мусоидат ба маблағгузории ин лоиҳаҳо дар доираи EDCF баён дошт.

Ҷонибҳо зарур шумориданд, ки корҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ тақвият бахшида шаванд, то имкон фароҳам ояд, ки дар доираи саммити «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея», ки моҳи сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, роҷеъ ба масоили зикршуда санади дахлдор ба имзо расад.

Ҳайати ҶТ 30 апрел инчунин бо муовини Вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея Хон Ҷи Сон мулоқот кард. Дар вохӯрӣ, ки ба масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, идоракунии самараноки шабакаҳои роҳи оҳан, ташкили системаи устувори нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи технологияҳои муосир, аз қабили «Шаҳри ҳушманд» (Smart City), ҳамгироии намудҳои гуногуни нақлиёт, ҷалби сармоя ва ғайра бахшида шуд,   Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куриё Салоҳиддин Киром иштирок намуд. Ӯ изҳор дошт кард, ки донишу таҷрибаи  дар ҷараёни сафар ҳосилшударо метавон дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамсон дар  ҳудуди Тоҷикистон истифода бурд.

«Куриёи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон дар самти сохтмони метро ҳисобида меёбад, бахусус аз ҷиҳати технологӣ, самаранокӣ ва инноватсия, –  гуфт муовини якуми Вазири нақлиёти ҶТ Фаррух Неъматзода. – Аз ин рӯ, албатта, таҷрибаи ин кишвар дар сохтмони метрополитени Душанбе истифода  бурда хоҳад шуд».

Previous
Next
scroll to top