Ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбубу муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Дар он марҳалаи хассоси таърихӣ, ки ватанамон пеш аз ҳама ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорем, ки мо ба чунин дастовардҳо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи халқамон ноил гардидаем.
Ҳамчунин соли 2022 аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои барномаҳои давлатии соҳа, хусусан, дар самти таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, инчунин, рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аввалин маротиба ба таври мутамарказ 32 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ вахаритаҳо фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад; ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд; бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст; се ташаббуси бузург дар соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд, аз ҷумла эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”; инчунин соли 2016 ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардидааст ва мавқеву дидгоҳи худро дар амалияи сиёсӣ борҳо намоиш додааст, даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба ин раванд такони ҷиддӣ ва нерӯи тоза мебахшад.
Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро месазад ҳамасола бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.
Бо эҳтироми хос Сайфиддин Саидзода Директори КВД Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт .




