Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини ин роҳ чанд лаҳза пеш эълон кард, ки аз километри 60 то 73-юми роҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 23 тармаи хурду бузург фаромадааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар пай ин, “бо мақсади таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан маҳдуд гардидааст”.
“Мошинҳое, ки дар минтақаи тармафароӣ дар бунбаст монда буданд, бо кумаки кормандони мо ба макони бехавф интиқол ёфтанд”, – навиштааст манбаъ.
Ширкати “IRS” масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ аст ва барои ин кораш аз ҳар ронанда маблағи муайян меситонад. Ин ширкат изҳор доштааст, ки техникаҳояшро ба маакони тармафароӣ сафарбар кардааст ва ҳоло роҳ поккорӣ мешавад.
Маълум нест, ки рафтуомади мошинҳо кай барқарор хоҳад шуд.
Post Views: 64




