Close

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

53792310309_6052f5c98e_o-1024x683 ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Ҳамватанони азиз!

Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Тибқи таълимоти дини мубини ислом ҳикмати ин иди муқаддас, пеш аз ҳама, эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус, падару модар, дигар калонсолон, шукронаи зиндагии орому осуда, омурзиши гуноҳҳо, хайру саховат, тарғиби ростиву растагорӣ ва сафои ботини шахси мусулмон мебошад.

Маълумоти бештар дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

scroll to top