Close

ПАРЧАМ – МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Санаи 21 ноябр дар толори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона гузаронида шуд.Дар чорабинии мазкур ҳайати роҳбарикунанда ва  кормандони корхона  ширкат варзиданд. Пеш аз оғози чорабини сурудии миллӣ аз тарафи иштироккунандагон ба таври зинда хонда шуд.

Сар аввал сухани табрикотиро муовини якуми директори корхона Рауфзода А.Р. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин иди рамзи соҳибихтиёрии кишвари азизамон, яъне 33-умин солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Сипас сардори шӯъбаи кадрҳо Вализода Ф.Ҷ. дар бораи таърихи Парчам суханрони намуда қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории ҳамаи халқҳои рӯи замин Парчам ҳамчун рамзи зиндагӣ мавқеи хосса дорад. Зеро он нишонаи таъриху фарҳанги мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Албатта, парчами ҳар як давлат таърихи худро дорад ва он бо саҳифаҳои гуногуни он халқу миллат алоқаманд аст. Ҳамин тавр, таърихи Парчами тоҷикон низ аз дирафши машҳури Коваёнӣ оғоз ёфааст.

Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дустиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳури мебошад ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорем, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои кишвар аз Парчами миллии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.

Дурахши парчамат ҷовидон бод  Тоҷикистони азизам.

Previous
Next
scroll to top