Close

“НАҚЛИЁТЧИИ ФАХРӢ”

Дар доираи таҷлили Иди касбии нақлиётчиён дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин сана рӯзи 25.07.2023 сол ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандони соҳаро табрику муборакбод намуда, фатҳи баландтарин қуллаҳои фаъолияти кориро орзу намуд.
Ҳамзамон, корманди пешқадам ва бисёртаҷрибаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”, сардори шуъбаи санҷишӣ – нозиротӣ Ғафуров Аброр Абдураҳимович бо Фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2023 сол, №119 шаҳодатномаи № 15, аз 21.07.2023 бо нишони “НАҚЛИЁТЧИИ ФАХРӢ” барои кори самараноку бисёрсола, гузоштани саҳми назаррас дар рушди соҳаи нақлиёт сарфароз гардонида шуд.
Умедворем, ки кулли кормандони соҳаи роҳу нақлиёт арзандаи чунин қадрдониҳо бошанд.

КВД “МСКХСН”

IMG_4870-300x200 “НАҚЛИЁТЧИИ ФАХРӢ”

IMG_4872-1-300x200 “НАҚЛИЁТЧИИ ФАХРӢ”

IMG_4885-300x200 “НАҚЛИЁТЧИИ ФАХРӢ”

scroll to top