Санаи 9 январи соли 2024 ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти Раёсати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид.
Дар ҷаласа Саидмуродзода Шоиста–муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Далер Қурбон–сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Қодирзода Сайфулло – Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Раҳмиддин Салом – директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доробова Хандонгул – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нақлиёт”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардори Хадамот, сардорони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону сардорони шуъбаҳои нозиротии воҳидҳои сохтории Хадамот ва муовинони директор, сармуҳандис, сардори Раёсати сертификатсия ва нозирот дар соҳаи нақлиёт, роҳбарони филиалҳои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” иштирок ва суханрони намуданд.
Нахуст маърӯзаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2023 шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода маърӯза кард. Аз ҷумла, зикр карда шуд:
- Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳо ва ҷамъиятҳои нақлиётии ҷумҳурӣ 53 ҳазору 313 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ ва боркаш ба қайд гирифта шуданд.
- Дар соҳаи хизматрасониҳои нақлиётӣ 227 корхонаи нақлиётии истифодаи умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки баъзеи онҳо фаъолият намекунанд.
- Соли гузашта Хадамот ба буҷети ҷумҳуриявӣ 17 миллиону 715 ҳазору 193 сомонӣ саҳм гузоштааст, ки нисбат ба соли гузашта 120 ҳазору 705 сомонӣ зиёд буда, 167,2% – ро ташкил медиҳад.
- Аз ҳисоби хизматрасониҳои соҳа ба суратҳисоби махсуси Хадамот 5 миллиону 886 ҳазору 482 сомонӣ ворид гардидааст, ки 45 фоизи он ба маблағи 2 миллиону 573 ҳазору 911 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 558 ҳазору 223 сомонӣ зиед буда, 136 фоизро ташкил медиҳад.
- Ҳамчунин аз ҳисоби хизматрасониҳои вобаста ба сертификатсия 15 млн. 196 ҳазору 910 сомонӣ ба суратҳисоби КВД «Маркази сертификатсияи корҳо ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт» ворид гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 3 млн.825 ҳазору 381 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2 млн. 181 ҳазору 236 сомонӣ зиёд буда, 117 фоизро ташкил медиҳад.
- Дар давоми соли ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии соҳа дар маҷмӯъ 6 миллиону 399 ҳазору 292 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 1 миллиону 70 ҳазору 124 сомонӣ зиёд буда, 120 фоизро ташкил медиҳад.
- Дар миқёси ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи хизматрасониҳои нақлиётӣ 5 ҳазору 494 адад иҷозатнома дода мешавад, ки 90% – и онҳо ба нақлиёти автомобилӣ ва 10% – ба соҳаҳои хоҷагии роҳ ва нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
- Дар соҳаи мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, хоҷагии роҳ, нуқтаҳои таъмир ва хизматрасонӣ 2 ҳазору 117 адад иҷозатнома дода шуд, ки дар муқоиса бо як соли пеш 119,4% – ро ташкил медиҳад. Инчунин муҳлати амали 521 адад иҷозатнома тамдид карда шуд ва аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 1 млн.156 ҳазору 320 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли гузашта 110 фоизро ташкил медиҳад.
- Барои танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои назоратӣ ва хатсайрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5 ҳазору 235 маротиба санҷишу рейдҳо гузаронида шуда, 88 ҳазору 129 адад воситаҳои нақлиёт ба корҳои назоратӣ ҷалб гардида, нисбати ронандагони онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.
- Барои риоя накардани шарту талаботҳои иҷозатномавӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 57 ҳазору 528 адад санад оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 114,7 фоизро ташкил медиҳад.
- Дар давраи ҳисоботӣ 2 ҳазору 476 ҳолати риоя накардани қоидаҳои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин аз ҷониби ронандагон ба қайд гирифта, нисбати ронандагони онҳо тибқи моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҶТ санад тартиб дода, ба маблағи 8 миллиону 418 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ситонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 132,2 фоизро ташкил медиҳад.
- Ҳамчунин дар давоми сол 450 адад иҷозатномаи махсус дода, аз ин ҳисоб 1 миллиону 210 ҳазору 984 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба як соли пеш 276 фоиз зиед мебошад.
- Бо мақсади пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард дар нуқтаҳои боркунӣ ба 226 ҳазору 910 адад мошинҳои боркаш сертификати нақлиёт дода шуд, ки нисбат ба як соли пеш 115 фоиз зиед аст; 8 ҳазору 55 адад сертификати салоҳият дода шуд, ки нисбат ба соли пеш 109 фоиз зиёд аст; 742 адад сертификати мутобиқати кор ва хизматрасонӣ дода шуд, ки нисбат ба соли пеш 117,4 фоиз зиед аст.
- Ҳамчунин борҳои аз меъёр зиёди беш аз 315 адад воситаи нақлиёт ба миқдори 2 ҳазору 461 тонна фароварда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 213,4% зиед аст.
Сипас Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим фаъолияти солонаи Хадамотро баҳогузорӣ карда, ба роҳбарияти муассиса барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас изҳори сипос намуд ва ҳамзамон зикр кард, ки дар баробари муваффақиятҳои зиед ҳанӯз дар Фаъолияти Хадамот камбудиҳо мавҷуданд.
Тавре Вазир ёдовар шуд, дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар, ки 28 декабри соли 2023 ироа шуд, масъалаи танзими ҳаракати роҳ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт таъкид гардид. «Ин як масъалаи хеле ҷиддӣ аст, ки ҳалли фавриро талаб мекунад. Дар робита ба ин, зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳо барои рафъи камбудиҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешида шаванд», – изҳор дошт ӯ.
Вазири нақлиёт бинобар танзими нопурраи ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе, ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо, банизомиҳо дар хатсайрҳои мусофирбарӣ, додани иҷозатнома ва сертификатҳои мутобиқат ва салоҳият ба корхонаҳои нақлиётӣ ва ронандагоне, ки қоидаҳоро риоя намекунанд, суръати нокифояи раванди гузариш ба системаи рақамикунонии фаъолияти назоратӣ дар нуқтаҳои сарҳадӣ изҳори нигаронӣ кард ва аз масъулин сабабҳои зуҳури ин камбудиҳоро бозпурсӣ намуд.
Вазири нақлиёт ба масъулин ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф кардани камбудиҳо дар кори Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар фарҷом, аз ҷониби муҳтарам Азим Иброҳим вобаста ба натиҷаҳои молиявӣ ба сардори Хадамот изҳори сипос баён гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2024 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Илова ба ин, вазифаҳо барои соли 2024 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул карда шуд.





