8 апрели соли 2020 дар Дастгоҳи Марказии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи якум гузаронида шуд.
Дар ҷаласа иштирок намуданд: Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон. Сардори шуъбаи нозироти ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи Марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётҶамшедов Муҳабатшо.
Ҷаласаро директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсия-кунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Муминов Лашкар оғоз намуда оиди чамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхона дар семоҳаи якуми соли 2020 ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суханрони намуд.
Соҳаи нақлиёт дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаи афзалиятноки кишвар маҳсуб меёбад. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи нақлиёт аҳамияти хоса дода, барои пешрафт ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳа вазифаҳои навбатиро ба миён гузоштанд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт тибқи мукаррароти Оиннома ва асноди меъёрии дар доираи аккредитатсия кайд гардида фаъолияти худро дар се самт ба роҳ монда, бо мақсади таъмини иҷрои вазифа ва нақшаҳои пешбинишуда дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Кормандони корхона ҷиҳати пешбурди фаъолияти худ оид ба амалӣ гаштани нақшаҳои дар пешистода, инчунин амалӣ гардонидани асноду супоришҳои Вазорати нақлиёт ва Сардори Хадамот, бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда кушиш ва талош меварзанд, ки аз уҳдаи вазифаҳои бардушдошта бо сарбаландӣ бароянд.



