Ҳамкорони азиз!
Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям.
Забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мо тоҷикон буда, забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад.
Мардуми Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.
Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.
Аз 5 октябри соли 2009, яъне бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шуд.
Дар баробари ин Ҳукумати Тоҷикистон пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.
Аз ҷумла, 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки забономӯзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад.
Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мову Шумо дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.
Итминони комил дорем, ки мо якҷоя тамоми саъю талоши худро барои минбаъд низ рушду инкишоф ёфтани забони давлатӣ равона хоҳем кард.
Бори дигар Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, Ҳамкорони азиз!




