Мутобиқи супориши Протоколии Сардори ХДНТСН ва фармоиши директори корхона аз 21.05 соли 2025, барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандон-экспертони нуқтаҳои баркашӣ, гуруҳи корӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии корхона дар филиалҳои корхона гузаронидани машғулиятҳои амалиро оғоз намуд. Санаҳои 22 то 26 майи соли ҷорӣ чунин машғулиятҳо бо экспертони нуқтаҳои баркашӣ дар филиали Суғди корхона гузаронида шуданд.
Дар талаботҳои ГОСТ ИСО 10015-2007 «Системаи менеҷмент. Дастурҳои роҳбарикунанда оид ба омӯзиш», банди 4.1.1 «Талаботҳои умумӣ» чунин омадааст: «Ҷараёни системакунонидашуда ва хуб банақша гирифташудаи омӯзиш ба қобилияти мақомот, оиди беҳтар ва хубтар иҷро намудани фаъолияти худ, саҳми калонро мебозад. Барои гузаронидани омӯзиш , ки оиди кам кардани фарқияти ҷойдоштаи байни сатҳи салоҳиятнокии мавҷудаи кормандони мақомот ва сатҳи салоҳиятнокии талаб карда шуда гузаронида мешавад, роҳбарияти корхона чор зинаи ҷараёни омӯзишро истифода барӣ намуд, ки инҳо:
a) муайян намудани талабот ба омӯзиш;
b) тартиб додани нақша-чорабиниҳо оид ба омӯзиш;
c) гузаронидани омӯзиш;
d) баҳодиҳии натиҷаҳои омӯзиш, мебошанд.
Вобаста ба талаботҳои дар боло оварда шуда, мавзӯи дарсҳо аз тарзи дурусти истифодабарии таҷҳизотҳои вазнченкунӣ дар нуқтаҳои баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш, тарзи дуруст пур кардани варақаи сертификати баркашӣ, сохт ва таркиби таҷҳизотҳои вазнченкунӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ тартиб дода шуданд.
Дар аксҳо рафти ҷараёни гузаронидани машғулиятҳо бо кормандони нуқтаҳои баркашии филиали Суғд.




