Close

Таҷлили ҷашни 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Previous
Next

Санаи 05 ноябри соли 2024 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бахшида ба  30 -умин солгарди қабули Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чорабини гузаронида шуд. Дар оғози ҳамоиш суруди миллӣ аз тарафи кормандони корхона хонда шуда, муҳимияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандон ба таври муфасал шарҳ доданд.

 “Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад. Ин санад дар таърих бо унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад”.

Дар ҷомеаи инсонӣ аз пайдоиши инсон сар карда ҳуқуқ вуҷуд дошт. Дар ҷомеаи ибтидоӣ аввалин нишонаи пайдоиши ҳуқуқ дида мешавад. Одамони ибтидоӣ барои ҷамъоварӣ ва истеъмоли ғизо баробар буданд. Дар давраҳои минбаъда ҳуқуқ ба гунаи дигар истифода бурда мешуд. Аввалин қонунҳо дар ҳазораи 2 пеш аз мелод дар Бобулистони қадим ба вуҷуд омаданд. Шоҳ Хамураппӣ (1792 – 1750 п.а.м) дар натиҷаи омӯзиши вазъи иҷтимоии давлаташ ба хулоса омад, ки барои ба низом даровардани ҷомеа қонуни махсус қабул наомяд. Қонуни қабулнамудаи ӯ бо номи “Қонунҳои шоҳ Хамураппӣ” маълум аст.

Дар Рими қадим низ барои ба низом даровардани ҷомеа қонуни Ҷадвали 12 қабул карда шуд, ки Римиён аз он васеъ истифода бурда ҷомеаро идора мекарданд. Дар Ҳиндустони қадим низ қонуни Мана амал мекард. Қабули чунин қонунҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки идораи ҷомеаи мутамаддин бидуни вуҷуд доштани қонун ғайриимкон аст. Агар ба таърихи пайдоиши давлатҳо нигарем, ба хуби пай мебарем, ки яке аз нишонаҳои асосии идоаркунии он қонун ба ҳисоб меравад.

Яке аз санадҳои аввалиндараҷа, ки доир ба ҳифзу ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар он сухан рафтааст ин Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад, ки аз ҷониби СММ 10 декабри соли 1948 ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шуда китоби рӯйимизии давлатҳои аъзои ин созмон эълон гардидааст

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт. Аҳамияти бузурги таърихи ҳуқуқии Конститутсияи соли 1994 дар он аст, ки ба вуҷуд омадани давлати навини соҳибистиқлоли тоҷиконро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ (юридикӣ) ба расмият даровард, асосҳои сохтори конститусионӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсиро бо эътироф кардани афзалияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳким бахшид.

Ҳамаи он муқаррароти конститусионӣ комёбии бузурги таърихии тоҷикистониҳо мебошад. Агар мо дар ин ҷо танҳо ду мафҳуми конститутсионӣ: «ҳуқуқбунёд» ва «иҷтимоӣ» будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намоем, ба хулоса меоем, ки ҳарчанд барои амалисозии ин муқаррарот дар ҷумҳуриамон қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуда бошанд ҳам, онҳо мақсаду мароми миллату давлатамонро ифода намуда, маьнои барномавӣ, консептуалӣ, дурнамоӣ доранд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» таъкид кардаанд, ки ҳар қадами навбатию ҳар дастоварди тоза ба осонӣ муяссар намегардад ва мо ҳар хишти иморати мўҳташами истиқлолияти навинро бо заҳматҳои гарон болои ҳам мечинем. Ва ин амр табиист, ки бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дунёи пурҳаводиси оғози ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хосаеро соҳиб шавад ва тақдири гузаштаву ояндаи миллатро фаро гирад».

Ин суханони сарвари кишварамон барои дуруст дарк кардани барномаҳои амалкунандаи давлатӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бисёр ҳам муҳим аст.

Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсия дастгиру роҳнамои мардуми Тоҷикистон гардид. Аз ин рў, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳифзи Ватан, сулҳу амният, оромию осоиштагӣ зидди он қувваҳое, ки алайҳи давлату Конститутсияи мо мебошанд, қатъи мубориза бурда, зиракии сиёсиро аз даст надода, мамлакатамонро ҳифз намоем. Зеро, чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Равандҳои босуръат идома ёфтаистодаи ҷаҳонишавӣ, хатарҳои иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва амнияти он, инчунин дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллати худ, пеш аз ҳама ба ақлу дониш ва фарҳангу тафаккури созанда бояд такия намоем».

scroll to top