Муҳлати маҳдудияти мавсимӣ барои ҳаракати автомобилҳои боркаши гаронвазн, ки аз 1-уми июн соли ҷорӣ (аз соати 10:00 то 19:00) ҷорӣ шуда буд, имрӯз ба поён расид.
Ба таваҷҷуҳи ронандагони чунин воситаҳои нақлиёт мерасонем, ки минбаъд онҳо метавонанд дар вақти барояшон муносиб ба роҳ бароянд.
Аз кулли ронандагони нақлиёти боркаш барои фаҳмиши моҳияти ҷорӣ намудани маҳдудият ва ҳамкории самимӣ бо кормандони мо изҳори сипос менамоем!




