Дар толори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо иштироки роҳбарият, сардорони шуъбаву мудирони бахшҳо, роҳбарону муовинони филиалҳо ва теъдоди зиёди экспертон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии нақлиётчиён, ки санаи 25 июл баргузор мегардад таҷлил шуд.
Бояд гуфт, ки соҳаи роҳу нақлиёт яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, кормандони ин соҳа вазифаи пуршараферо бар дӯш доранд. Ин аст, ки заҳмати шабонарӯзии онҳо қадр карда мешавад. Муовини якуми директори корхона Рауфзода А.Р. тамоми кормандонро бо иди касбӣ табрик намуда, тамоми бурдбориҳои соҳаро барои ҳамагон орзу намуд.
Вобаста ба ин аз тарафи директори корхона – Саидзода С.С. кормандоне, ки дар самти сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонӣ саҳми босазо гузоштанд, бо ифтихорномаи роҳбарияти корхона қадр карда шудаанд.
Чунин қадрдониҳо кормандонро водор месозад, ки боз ҳам беҳтару хубтар кор карда, фаъолияти худро ба талаботи қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонанд ва сатҳу сифати хизматрасониҳоро дар ин самт боло бардоранд.
ИДИ КАСБӢ МУБОРАК ҲАМКАСБОНИ ГИРОМӢ!




