Сараввал вазири нақлиёти кишвар муҳтарам Азим Иброҳим ҳозиринро бо иди касбиашон табрик гуфта, оид ба нақши соҳа дар пешрафти иқтисодиёти кишвар, дастовардҳои дар замони Истиқлол ба нақлиётчиён суханрони намуданд.
Меҳнати босамари кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ барои кори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Ба туфайли маҳорати кордонӣ ва софдилонаи роҳсозон роҳҳои нави ҳозиразамон пайдо мешаванд, ки ҳамаи гушаю канорҳои давлати Тоҷикистонро бо ҷаҳон мепайвандад. Маҳз ҳолати роҳҳо ва кору сифати меҳнати нақлиётчиён сифат ва сари вақт қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон, истеҳсолот ва соҳаи иҷтимоиро муайян мекунад.
Сипас, бо фармоиши вазири нақлиёт як қатор кормандони фаъоли соҳа барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа ва фаъолияти пурсамарашон бо нишони сарисинагии «Нақлиётчии фахрӣ», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати нақлиёт қадр гардиданд.
Дар ин сана, бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ба директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Саидзода Сайфиддин Саидҷафар барои хизматҳои шоёнашон дар соҳаи нақлиёт бо нишони сарисинагии “НАҚЛИЁТЧИИ ФАХРӢ” сарфароз гардонида шуд.
Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба ҳамаи нақлиётчиён ва тоҷикистониён муборак бошад.




