Close

Табрикоти Директори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Саидзода С.С. ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагӣ!

          Оре, сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳад. Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд:

“Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буданд.”

Маҳз бо шарофати ҳамин ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва хиради азалии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем. Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии мардуми худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Пешвои миллат буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд.

Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиши дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Офтобу замин, падару модар ва аз ҷумла, Худовандро бартарӣ ва бузургиашон дар ягона буданашон зоҳир мегардад.

Маҳз Ваҳдат аст, ки давлати куҳанбунёди мо дар арсаи ҷаҳонӣ аз нав барқарор гардид ва маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нав бунёд гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.

Мо бояд шукрона кунем, шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем, ки дар фазояш кабӯтарони Сулҳ парвози баланд доранд.

Бикӯшем, то парвози чунин парандагон дар фазои беғубори Тоҷикистон тоабад бимонад.

Иди фархунда боз ҳам муборак бод.

scroll to top