Close

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ…

Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои муқаддас, санаи таърихӣ, иди бошукуҳ ва нишонаи пойдориву побарҷоӣ дар мамлакат аст. Таҷлили ин ҷашн доштани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба санаҳои мубораки таърихиро инъикос менамояд. Ҳар як фарди соҳибватан наметавонад орӣ аз ин хислатҳои наҷиби инсонӣ бошад, зеро ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст. Агар назаре ба таърих андозем, шоҳиди талошу ҷонбозиҳои чандин сарсупупрдагони миллат баҳри сулҳу субот ва амнияту осоиш мегардем. Сулҳу амнияте, ки ҳоло дар даврони мо ҳукмрон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: “Мову шумо бояд як нуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”. Ин аст, ки мардуми тоҷик ҳамеша сарабаланд ва ифтихорманд аст. Воқеан ҳам ифтихор доштан аз чунин сарзамине, ки сулҳу суботи пойдор дорад, боиси хушбахтист. Бигзор, ки сулҳи бо машаққати зиёд ба дастовардаи ниёгони моро насли бонангу номус нигаҳбону ҳимоятгар бошад. Бигзор, ки пойдории Ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ ва тинҷию осоиштагӣ дар Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳамешагӣ бошад.
Солгарди Ваҳдати миллӣ ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборак ва хуҷаста бошад!
Тоҷик, аё халқи вафопарвари ман,
Аз давлати ту баланд бошад сари ман.
Шукронаи ту, ки бо ту ман ободам,
В-аз туст баланду тобнок ахтари ман.

Бо эҳтиром,
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди
давлатии “Маркази сертификатсиякунонии                                               кор  хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

 

IMG_0924-300x200 ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ...

 

 

 

 

 

scroll to top