Close

КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона доир гардид.

Санаи 18.03.2026 сол  дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”  бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона доир гардид.

Сараввал сухани табрикотиро муовини якуми директори корхона Рауфзода А.Р. бахшида ба ҷашни байналмилалии Навруз ба ҳозирин расонида қайд намуданд, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, пешрафту шукуфоии кишвари азизамон, ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил намуда истодаанд.

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллӣ ва фархундаи ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаоти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Ин ҷашн ҳамеша бар рамзи таҷдиди тозагӣ, покизагӣ ва шодиву хушбахтӣ фаҳмида мешавад.

Баъдан сардори шӯъбаи кадрҳо Вализода Ф.Ҷ. дар бораи  мақоми Наврӯз маълумот дода хотирнишон намуданд, ки дар меҳвари сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам эҳёи ҷашни Наврӯз – чун мероси бузурги таърихии тоҷикон мақоми калидию асосӣ дошт ва дорад. Зеро ки дар шинохт ва эътирофи Пешвои муаззами миллат Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки ҳамчун як оини ҳувиятсозу мафкурасоз ва василаи асосии расидан ба худогоҳии миллӣ дониста мешавад. Аз ҷумла, дар яке аз суханронияшон чунин омадааст: «Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тули таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо – тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд. Расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар робита ба ин, мехоҳем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки Наврӯз бо ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар кишвари мо маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он ҳамчун рамзи рӯзи нав, саршавии соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав эҳё гардида, имрӯз ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум табдил ёфтааст»

Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушти фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдори ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.

Дар охир ба аҳли кормандон дар соли нави аҷдодӣ ба шумо сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем.

Previous
Next
scroll to top