Close

ҶАВОНӢ, ЗЕБОӢ, ДОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ…

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни зерсохторҳои вазорат бозиии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Вазири нақлиёт” ташкил ва баргузор карда шуд. Бозии мазкур аз 12 май оғоз гардида, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷамъбаст гардид. Миёни 16 дастаи бозингарон дастаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо нишон додани маҳорати хуби бозингарӣ ҳамчун “Беҳтарин дастаи футболи хурд дар бозии Ҷоми Вазири нақлиёт” дониста шуда, инчунин сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Санаи 25.05.2026. дар маросими танатанавӣ туҳфаҳо аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим ғолибон қадрдонӣ шуда, туҳфаҳо тақдим гардид.

Дастаи футболи хурди Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” аз кормандони Дастгоҳи марказӣ ва экспертони корхона ташкил гардида, бо нишон додани маҳорати хуби бозингарӣ дар соҳаи варзиш бори дигар тарафдориро дар самти дӯстию рафоқат ва оммавӣ гардидани варзиш миёни ҷомеа нишон доданд.

Ин ҳанӯз оғози муваффақиятҳост. Сарбаландӣ ва дастовардҳои бузургу назаррас моро дар пеш интизоранд. Ҷойи сеюм ва унвони “Беҳтарин дастаи футболи хурд дар бозии Ҷоми Вазири нақлиёт” ба кулли кормандони КВД “МСКХСН” муборак бошад! 

scroll to top