Close

Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар нуҳ моҳи соли 2024

Previous
Next

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ҳамчун мақоми сертификатсионӣ дар соҳаи нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар самти хизматрасонии роҳу нақлиёт фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассиси корхона-Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати нақлиётии мамлакат, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ ва иҷроиши бандҳои дахлдори қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар нуҳмоҳаи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024”,  як қатор корҳоро ба итмом расонид.

Корхона дар 9 моҳи соли 2024, 213 735 адад воситаҳои нақлиёти боркашро дар нуқтаҳои баркашӣ мавриди санҷиш қарор дода аз ин ҳисоб 12 469 300 сомонӣ ба суратҳисоби корхона ворид намудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 824 адад зиёд буда ва ба маблағи 2 714 984 сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки 127,8 %- ро ташкил медиҳад.

Сертификати салоҳиятнокии касбӣ 7981 ададро ба маблағи 1 141 228 сомонӣ ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 1 401 адад, ба маблағи 193 554 сомонӣ афзун шудааст, ки 120 %-ро ташкил медиҳад.

Сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ бошад, 574 адад ба маблағи 625 846 сомонро ташкил дода, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 175 139 сомонӣ зиёд гардидааст, ки 139 % ро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 123 984 сомонӣ маблағ аз ҳисоби хизматрасонии мутобиқати кору хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт, хироҷ барои баррасии дархост ва додани сертификат ба воситаи POS- терминалҳо ва тавассути бонкҳо бевосита ба буҷаи ҷумҳурияви пардохт карда шудааст.

Дар умум, ба суратҳисоби корхона 14 236 374 сомонӣ маблағ ворид гардидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127,6 % ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур гувоҳи он аст, ки корхона ба ҳамаи мушкилотҳои пешомада нигоҳ накарда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта фаъолияти босамар нишон додааст.

Ҷиҳати таъмини риояи меъёрҳои муқарраргардида ва пурра пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн, дар мувофиқа бо Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, нақшаи фаъолияти кормандони гуруҳҳои мобилии зерин тартиб дода шуда, дар натиҷа 31 849 адад воситаи нақлиёти гаронвазн мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 391 адад зиёд мебошад, аз ҷумлаː

– шаҳри Душанбе -2 гуруҳ;

– минтақаи Рашт  1 гуруҳ;

– минтақаи Ҳисор  1 гуруҳ;

– минтақаи Бохтар  2 гуруҳ;

– минтақаи Кулоб 1 гуруҳ ва вилояти Суғд бошад, 3 гуруҳ барои навбатдории шабонарӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шудаанд.

Дар натиҷаи иҷроиши нақша-чорабиниҳои мазкур ва фаъолияти якҷояи кормандони КВД «МСКХСН» ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, дар нуқтаҳои баркашӣ 213 735 адад воситаҳои нақлиёти боркашро мавриди санҷиш қарор дода, аз ин ҳисоб 301 адад воситаи нақлиёти боркаш бо 2 240 тонна бори аз меъёри муқараргардида зиёд ошкор гардида, ба меъёрҳои муқараргардида мутобиқ карда шуд. Маълумотҳои дахлдор ҳар ҳафта ба шуъбаи иқтисод ва итилооти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ирсол карда мешавад.

Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн, корхона ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо васоити ахбори омма ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, тавассути барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ рафти чорабиниҳои гузаронидашуда ва мушкилотҳои ҷойдошта намоиш дода шуданд.

Илова бар ин, дар ҳамбастагӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла сементбарорӣ, конҳои ангишт, корхонаҳои коркади сангу-шағал ва анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот дар хусуси риоя намудани меъёрҳои муқарраргардида корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт пурзур карда шудааст.

Ҷиҳати иҷроиши супориши протоколии Вазорати нақлиёт аз ҷониби роҳбарият нақша чорабиниҳо оиди дар корхона гузаронидани семинар – дарсҳои омузишӣ бо кормандони филиалҳо дар нуқтаҳои баркашӣ тасдиқ карда шудааст. Вобаста ба ин, ки дар филиали шаҳри Душанбе, минтақаҳои Рашту Ҳисор, Кулобу Бохтар чунин дарсҳо гузаронида шуда, камбудӣ ва нуқсонҳои ҷойдошта дар самти баркашии воситаҳои нақлиёт бо тарозуҳои мобилӣ пурра аз байн бурда шуда, дар боқи филиалҳо низ семинар – дарсҳои омузишӣ аз руи ҷадвал гузаронида шуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки айни замон, корхона 47 адад тарозуи вазнченкунӣ  дорад, ки 8 адади он тарозуи статсионарӣ, 2 адад тарозуи динамикӣ, 3 адад  системаи худкори динамикии баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳаракати камсуръат ва 34 адад тарозуи мобилӣ мебошад.

Ғайр аз ин, корхона аз руи натичаи озмун, 3 адад системаи худкори динамикии баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳаракати камсуръатро дастрас намуда, дар нуқтаҳои баркашӣ минтақаи Рашт РБ 04, 49+5км Душанбе-Кулма, ш.Норак ва РБ 07, 15 км н. Файзобод насбу васл намуда, ба истифода дод. Сохтмон ва ҷиҳозонидани 1 адади дигари он дар нуқтаи баркашии минтақаи Бохтар РБ 09, 84,0 км Қизил- Қалъаи н. Хуросон оғоз гардида, корхо дар ин самт идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирӣ аз вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои роҳдорӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси супориши Протоколии ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе таҳти №2 аз 23 январи соли 2020, барои дар чор даромадгоҳи шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботҳои замони муосир ҷойгиркунии нуқтаҳои баркашӣ пешниҳод гардида буд.

Бояд қайд кард, ки барои таъмини иҷрои супориши дарҷгардида то имрӯз дар ду самти даромадгоҳи шаҳри Душанбе ҳуҷҷатгузориҳо ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин, аз ҷумла дар ноҳияи Фирдавсӣ (қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №57 аз                    1 марти соли 2023 ва маҳаллаи Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 140 аз 28 марти соли 2023 ба имзо расид.

Вобаста ба ин, тибки дастур корхона барои гирифтани сертификати истифодабарии замин дар мавзеъхои чудогардида самти н.Рудаки-Душанбе   ба маблаги  96 868 сомони пардохт намуда, корхои барасмиятдарории хуччатхо идома доранд.

Дар  самти фаъолияти молиявӣ, ба суратҳисоби корхона дар давраи ҳисоботӣ 15 115 032 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин дар доираи сметаи даромад-хароҷот, дар моддаҳо пурра таҳлил-кардашуда, чунин тақсим гардидаанд.

  • ба буҷети ҷумҳуриявӣ 3 841 720 сомонӣ,
  • музди меҳнати кормандон 4 362 692 сомонӣ,

–  дигар хароҷотҳои корхона 8 598 933 сомониро ташкил дода дар маҷмуъ бошад, 16 803 345 сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст. Аз ин миқдор 26 % – и маблағҳои воридшудаи корхона ба буҷаи ҷумҳурӣ равона карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои хариди ашёҳои хоҷагӣ барои мактаб  интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор ба маблағи 17 785 сомонӣ, хариди орд барои кормандони  ХДНТСН ба маблағи 10 725 сомонӣ, ба суратҳисоби иттифоқи касабаи ХДНТСН кӯмакпули барои мактаб интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор ба маблағи 30 000 сомонӣ, кӯмакпули барои  хариди маводҳои ғизои ба кормандони Вазорати нақлиёт 85 275 сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 143 785 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Дар асоси “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар корхона Нақша-чорабиниҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ таҳия карда шуда, иҷрои бандҳои он мунтазам таҳти назорати роҳбарияти корхона қарор дорад. Вобаста ба ин масъала Дастгоҳи марказии корхона ва нуқтаҳои баркашӣ аз нав бо таҷҳизотҳои банаворгирӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба шабаки интернети онлайн пайваст шуда аст. Ҷиҳати ҷиҳозонидани таҷҳизотҳои банаворгирӣ дар боқимонда нуқтаҳои баркашӣ корҳо идома доранд.

Корхона вобаста ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва иҷроиши протоколи ҷаласаҳои назоратии назди Сардори Хадамот як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Пардохти ҳамагуна маблағҳои хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст. Корхона дар якҷоягӣ бо ҶСК “Алиф Бонк” шартнома оид ба Интернет – эквайринг ба имзо расонида, 23 адад QR – code – и ягона ва бо ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ҳамкорӣ намуда, 58 адад POS – терминали нави муосир таъмин намуда, дар нуқтаҳои баркашӣ васл намудааст.

Аз тарафи кормандони корхона дар ҷамъиятҳои боркашонии марбути соҳаи нақлиёт бо мақсади гузаронидани пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо дар нуқтаҳои баркашӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди истифодабарии кортҳои бонкӣ гузаронида шуда истодааст. Вобаста ба ин, дар солҳои 2022-2023 дар 108 ҷамъиятҳои боркашонии соҳаи нақлиёт, 10 029 адад воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шуда, аз ин миқдор 2 681 адад воситаҳои нақлиёти боркаши иқтидори борбардориашон аз 20 тонна зиёд ва 7 321 адади дигари он, иқтидори борбардориашон то 20 тонна мебошад.

Дар ин давра, бо мусоидати кормандони корхона дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти ҷамъиятҳо ва кормандони ҶСК “Ориёнбонк” 1 750 нафар ронандагони ҷамъиятҳои боркашонии соҳаи нақлиёт бо кортҳои бонкӣ таъмин карда шуданд.

Боқӣ, 930 нафар ронандагон дорои ҳамёни мобилӣ ба монанди “Душанбе Сити”, “Алиф мобӣ” ва ғайраҳо мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар 9 моҳи соли равон, дар нуқтаҳои баркашӣ аз ҳисоби пешниҳоди сертификатҳо 213 735 адад ба маблағи 12 469 300 сомонӣ пардохти ғайринақдӣ сурат гирифтааст, ки аз ин шумора 209 723 адади он тариқи кортҳои бонкӣ ва 4 012 адади дигари он аз суратҳисоб ба суратҳисоб пардохт гардидаанд.

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди Ҳукумати электронӣ корхона аз 15 июни соли 2023 бо ҶДММ “Ребус” шартнома ба имзо расонидаст, ки он таҳияи куллии функсионалии ”Барномаи автоматикунонии сертификатсия”-ро дар бар мегирад. Барои иҷрои шартномаи мазкур мутахассисони корхона аз рӯи супориши техникӣ пурра сафарбар карда шуда, таъмини иҷроиши он зери назорати роҳбарияти корхона қарор дорад.

Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва КВД “МРСН” ба мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти ҳамоҳангсозии маълумотҳои барномаҳо миёни мутахассисони корхона ва барномасозон корҳо ба роҳ монда шуда, интегратсияи ин маълумотҳо идома дорад.

Вобаста ба пайваст намудани интернети баланд суръат дар нуқтаҳои баркашӣ, ҷиҳати ба сервери Вазорати нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт пайваст намудани тарозуҳои насбгардидаи муосир, корҳо бо КВД “МРСН” идома доранд. Дар ҳолати пайваст намудани интернети баланд суръат, маълумотҳо бо таври мустақим ба сервери Вазорати нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  интиқол дода мешавад.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти кормандони корхона, бо супориши Директори корхона дар нуқтаҳои баркашии вилояти Суғд, км 6 РБ13 Айни-Панҷакент, км 42 Спитамен-Нов ва км 0+300 уми роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Хуҷанд-Навобод, аз гардиши км 291 роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии РБ-01 Душанбе-Хуҷанд-Чанок, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, инчунин дар Филиали ш.Душанбе РБ09  км 21,9 д.Лоҳури н.Рудакӣ, дар роҳи РБ01 км 07 соҳили дарё самти Душанбе-Хуҷанд, Филиали Ҳисор нуқтаҳои баркашии Султонобод РҶ043 н.Рудакӣ ва нуқтаҳои баркашии Филиали Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон РБ 04, 278 км  Душанбе-Кулма деҳаи (Бобои Ҷамол)-и н.Дарвоз ва РБ 04, 641 км  Душанбе-Кулма н.Шуғнон (ТАНГ) хона – вагонҳои нави замонавӣ харидорӣ ва ҷойгир карда шуда, ҳамзамон утоқҳои кории кормандони дастгоҳи марказӣ ва нуқтаҳои баркашӣ ба таъмир фаро гирифта шуда бо мизу курсиҳо, кампютерҳо, лавозимоти зарурии корӣ ва камераҳои назорати пурра муҷаҳҳаз гардонида шуда шароити хубӣ корӣ фароҳам оварда шуд.

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №26/10-153 маъракаи обунашавӣ ба рӯзнома ва маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақша-супоришҳои вазорат, корхона ба дувоздаҳ номгӯй рузномаву маҷаллаҳо обуна гардидааст.

Ҷиҳати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” Нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, корхона ва филиалҳои зертобеъи он дар мавсими тирамоҳу зимистон фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои он равона гардонидааст.

Бо мақсади таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани тарғиботи васеи моҳияти Истиқлолият ва озодӣ, дар филиалҳои минтақавӣ ва нуқтаҳои баркашӣ шанбегиҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳали зист, гулгашту майдонҳо ва анҷом додани корҳои дигари созандагӣ гузаронида шуд.

Дар хотима, Шуморо бовар мекунонем, ки тамоми кушишу-ғайрати худро баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани нақшаҳои дар пешистода равона намуда   мушкилотҳои ҷойдошта дар 3 моҳаи чоруми соли равон бартараф карда мешаванд.

scroll to top