Close

Васлу насби таҷҳизоти вазнченкунии замонавии динамикӣ барои санҷиши воситаҳои нақлиёти гаронвазн.

Ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, иҷроиши талаботҳои К.Ҳ.Ҷ.Т аз 29 декабри соли 2006 № 779. Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштан воситаҳои налиёт бо вазн ва андозҳое, ки аз меъёри муқарраргардида зиёданд ва инчунин иҷроиши нақша чорабиниҳои таҳия намудаи КВД “МСКХСН” барои солҳои 2024-2026 дар н. б. воқеъ дар 15 км роҳи автомобилгарди РБ07 Душанбе-Ваҳдат-Лахш, н. Файзобод боз як таҷҳизоти вазнченкунии замонавии динамикӣ барои санҷиши вазн ва сарбари ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёти гаронвазн васлу насб карда шуд, ба истедод дода шуд.   Таҷҳизоти вазнченкунии мазкур ҷавобгӯи талабҳои техникӣ буда, дорои муайян намудани вазни воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо суръати то 30 км соатро дорад. Ҳамчунин функсияҳои муайян намудани вазни умумии бори таҳвил шаванда ва инчунин муайян намудани сарборӣ ба тири меҳварро низ дар асоси талаботҳои техникӣ доро мебошад. Истифодаи ин намуд таҷҳизотҳо метавонад дар нигоҳдорӣ ва пешгирии аз бармаҳал вайрон гаридидани роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз меъёри муқараргардида зиёд таҳвил намудани борҳоро ба танзим дарорад. Дар оянда Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст,ки тибқи нақшаи тасдиқгардида, сохта ва ба истифода додани чунин тарозуҳои динамикиро дар нуқтаҳои баркашии дигари роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба роҳ монад.  
Previous
Next
scroll to top